Зу-л-ҷалоли ва-л-икром
Зу-л-ҷалоли ва-л-икром (форсӣ: ذُو الْجَلَالِ وَالْإِكْرَام — соҳиби бузургӣ ва икром, боазамат ва соҳибикром) — яке аз номҳои Худованд.
Зу-л-ҷалоли ва-л-икром дар Қуръон ду бор дар сураи «ар-Раҳмон» зикр гардида, дар ҳадиси асмоуллоҳи-л-ҳусно бо ривояти Тирмизӣ дар радифи 86 ҷой дорад. Муфассирон Зу-л-ҷалоли ва-л-икром-ро ба маънои соҳиби азамат, бузургӣ, эҳсон ва ғинои мутлақ, шоистаи итоат, мустаҳиққи ҳамду ситоиш ва дорои фазли омм гуфтаанд. Ба гуфтаи Муҳаммади Ғаззолӣ, Зу-л-ҷалоли ва-л-икром кас ё зотест, ки ҷалол — бузургӣ ва камол хосси Ӯст ва каромат танҳо аз Ӯ содир мешавад. Шореҳон калимаи «икром»-ро дар ибораи Зу-л-ҷалоли ва-л-икром ба ду маъно гуфтаанд:
- Худо сазовори он аст, ки бузург дошта, азамат ва кибриёи Ӯ шинохта шавад ва мавриди инкор қарор нагирад.
- Худо ба аҳли вилоят ва дӯстони худ бо назари хоссе менигарад, онҳоро бо дараҷоти олӣ ва тавфиқи тоат дар дунё арҷ мениҳад, дар охират амалҳояшонро мепазирад ва дараҷоташонро дар ҷаннат баланд мебардорад.
Паёмбар (с) дар дуоҳо ва муноҷотҳояш Худоро бо номи Зу-л-ҷалоли ва-л-икром-аш бисёр ёд мекард. Борҳо дар дуои баъди намози фарзӣ пас аз се бор истиғфор (гуфтани «астағфируллоҳ») Худоро бо нидои: «ё За-л-ҷалоли ва-л-икром!» ёд кардааст. Дар ҳадиси дигаре таъкид фармуда: «Ба гуфтани „ё За-л-ҷалоли ва-л-икром!“ мулозамат ва мудовамат дошта бошед!». Дар фазилати Зу-л-ҷалоли ва-л-икром омадааст, ки паёмбар (с) аз канори марде гузашт, ки Худоро бо ин номаш мехонд, фармуд: «Бароят истиҷобат шуд, пас (ҳар чӣ мехоҳӣ, аз Ӯ) суол кун!». Корбурдҳои зиёди Зу-л-ҷалоли ва-л-икром аз ҷониби паёмбар (с) сабаб гардид, ки он дар дуоҳо ва муноҷотҳои мусулмонон ҷойгоҳ ва аҳаммияти хоссе пайдо кунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зу-л-ҷалоли ва-л-икром / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.