Абулаббос Шамсуддин Аҳ­мад ибни Шиҳобуддин Муҳаммад ибни Иброҳим иб­ни Абубакр ибни Халликон (22 сентябр 1211[1], Арбил[d]30 октябр 1282[1], Димишқ, Салтанати Мамолик[d]) — таърихнигор, адиб ва фақеҳи шофеъӣ.

Ибни Халликон
ар. أحمد بن مُحمَّد بن إبراهیم بن أبي بکر بن خلِّكان الشافعي
Таърихи таваллуд 22 сентябр 1211[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 октябр 1282[1] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ фиқҳ, Усули дин ва қаламрави додрасӣ

Зиндагинома

вироиш

Баъзе донишмандон насаби Ибни Халликонро ба қабилаи Зарзорияи курд ва бархе ба хонадони Бармакиёни Балх пайвастаанд. Падараш фақеҳи маш­ҳур Муҳаммад ибни Иброҳим дар аҳди атобак (ҳо­ким)-и Арбил — Музаффаруддин Гукбурӣ (1190—1232) чанд муддат мударриси мадрасаи Музаффарияи Арбил буд. Ибни Халликон баъди фавти падараш (1213) зери сарпарастии Музаффаруддин Гукбурӣ тарбия ёфта, дар назди донишмандони машҳури Арбил, Мавсил, Ҳалаб, Димишқ, Искандария ва Қоҳира илму дониш омӯхт.

Ибни Халликон дар Қоҳира бо хо­димо­ни дарбори Айюбиён (1171—1260) — Баҳоудди­ни Заҳир ва Ибни Матруҳ ошноӣ пайдо карда, аввал ноиби қозии шаҳри Қоҳира, баъд дар аҳди ҳу­кумати мамлуки Мисру Шом — Бейбарси I (1260—1278) қо­зии Димишқ таъйин шуд. Соли 1271 Ибни Халликон аз вазифа барканор шуда, то охири умр дар мадрасаҳои «Наҷибия» ва «Аминия» ба тадрис машғул буд. Ибни Халликон бо донишмандону шоирони замонаш Ибни Асир, Ибни Салоҳ, Ҷамо­луд­дин Абдурраҳмони Во­си­тӣ, Муҳам­мад ибни Унайни Ансорӣ, Баҳоуддини Заҳир, Ибни Мат­руҳ, Мутанаббӣ ва дигарон робита пайдо карда, дар сурудани ғазалу дубай­тӣ чирадаст буд.

Аз осори Ибни Халликон танҳо китоби донишномаии ӯ «Вафаёту-л-аъён фӣ анбои абнои-з-замон» боқӣ мондааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш