Ибни Ҳавқал
Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқали Насибӣ (ар. محمد أبو القاسم بن حوقل), маъруф ба Ибни Ҳавқал (ар. ابن حوقل) — бозаргон, сайёҳ ва ҷуғрофидони араб (асри 10).
Таърихи таваллуд | 943 |
---|---|
Зодгоҳ | Нусайбин, вилояти Мардин, Туркия |
Таърихи даргузашт | 988 |
Пеша | бозаргон, ҷуғрофиёдон, нависанда |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАслаш аз шаҳри Нусайбин (шимоли Байнаннаҳрайн). Ибни Ҳавқал ба Африқои Шимолӣ, Испания, минтақаҳои ҷанубии Саҳрои Кабир (947—951), Миср, Арманистон ва Озарбойҷон (955), Байнаннаҳрайн, Ироқ, Хузистон ва Форс (961—968), Хоразм, Мовароуннаҳр (969), Ситсилия (973) сафар карда, бо вазъи иҷтимоӣ-сиёсии қавмҳои мухталиф ошно гардид.
Ҷуғрофиёдонӣ
вироишБаъди ошноӣ бо Истахрӣ ва ислоҳ кардани асари ҷуғрофиёи ӯ ба нигориши «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» машғул шуд, ки он бо номи «Сурату-л-арз» машҳур аст. Ибни Ҳавқал дар асоси қиёси мушоҳидаҳои шахсӣ, қавли шоҳидон ва маълумоти ҷуғрофиёдонон (Ибни Хурдодбеҳ, Ҷайҳонӣ ва дигарон) ҷуғрофиёи таърихии кишварҳои Шарқи исломӣ ва қисман Аврупоро дар «Сурату-л-арз» муфассал баён кард. Ба қавли Ибни Ҳавқал тӯли сарзаминҳои ислом аз марзи Фарғона то Хуросон, Ҷибол, Ироқ, соҳили Яман ва арзи он аз Византия то соҳили хал. Форс идома меёбад. Масофаи сарзамини ислом аз Фарғона то Мағрибу Андалус (Испания) 300 манзил аст. Маълумоти Ибни Ҳавқал доир ба Самарқанд, Бухоро, Шош, Хуҷанд, Тирмиз, Қубодиён, Чағониён, Ахсикат, Кеш, Ҳулбук, Бунҷикат, Фарғона, Хоразм, Усрушана, Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ғ. барои омӯзиши ҷуғрофиёи таърихии Мовароуннаҳр аҳаммияти илмӣ доранд. Ибни Ҳавқал ҳамчун замима ба асари худ харитаи ҷуғрофиёии минтақаҳои алоҳидаро, аз қабили нимҷаз. Арабистон, ҳавзаи дарёи Нил, хал. Форс, Мағриб, Миср, Сурия, баҳри Миёназамин, Алҷазоир, Ироқ, мулкҳои Эрон (Кирмон, Форс, Хузистон), Арманистон, Аррон, Озарбойҷон, Гелон, Табаристон, Мозандарон ва Мовароуннаҳрро тартиб додааст. Ӯ «Сурату-л-арз»-ро ду бор таҳрир кард: таҳрири аввали он ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ тақдим шудааст (967); нусхаи дастхатти таҳрири дуввум (978) дар ганҷинаи осори хаттии Истанбул нигаҳдорӣ мешавад. «Сурату-л-арз»-и Ибни Ҳавқал бори аввал дар Лейден чоп (1873), баъзе бахшҳои он ба забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Крачковский И. Ю. Избранное сочинение. Т. 4. М. — Л., 1957.
Сарчашма
вироиш- Ибни Ҳавқал / Ю. С. Малсев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.