Ибодатгоҳи Қува
Ибодатгоҳи Қува — ёдгории бостонии дайри буддоӣ (асри 7 — ибтидои асри 8) дар шимолу ғарбии маркази ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона, ки тавассути бостоншиносони АИ ҶШС Узбакистон ҳафр шудааст (1957—1969).
Ибодатгоҳи Қува дар болои теппаи сунъӣ бунёд шуда, аз ду иморат — буткада (21х14 м) ва дайр (11,9х11,2 м) иборат аст. Деворҳои бинои Ибодатгоҳи Қува аз похсаву хишти хом ва боми онҳо аз чӯб бунёд шудаанд. Аз дайр намунаи ҳунарҳои амалӣ ва меъморӣ ёфт гардид, ки деворҳои биноро ороиш медоданд. Дар рӯ ба рӯи даромадгоҳ болои таҳкурсии баланд ҳайкали азимҷуссаи Буддо ва ҳайкалчаҳои хурд ҷойгир буданд. Дар атрофи девори дайр барои анҷом додани қурбонӣ ва тақдими ҳадяҳо чанд суффа мавҷуд буд. Дар девори пешайвони Ибодатгоҳи Қува муҷассамаи аспҳо бо зину лаҷом ва саисон тасвир шудааст. Тасвири рӯи деворҳо ва ҳайкалчаҳои гилӣ мувофиқи расму анъанаи ҳамон замон рангу оро ёфтаанд. Санаи бунёди Ибодатгоҳи Қува дақиқ нест. Ибодатгоҳи Қува бори аввал дар замони лашкаркашии арабҳо қисман ва дар натиҷаи тохтутози муғулҳо комилан хароб шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ибодатгоҳи Қува / В. А. Булатова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Булатова-Левина В. А. Буддийский храм в Куве //Советская археология. № 3, 1961.