Иброҳими Исфаҳонӣ
Мирзо Иброҳими Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا ابراهیم اصفهانی[1]; ? — 1581, Қазвин) — шоир, хаттот ва фарҳангнависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишПадараш Мирзо Шоҳҳусайни Исфаҳонӣ аз мансабдорони дарбори Шоҳ Исмоили I (1502—1524) буд. Бо дастгирии падараш илмҳои замонашро омӯхта, ба ҳунари хушнависӣ бештар рағбат пайдо кард. Пас аз қатли падар ба Қазвин рафта, бо фазилат, зеҳни бурро ва истеъдоди фавқулодааш зуд машҳур шуд. Хонаи ӯ маркази ҷамъомад ва маҳфилҳои шоирону донишмандон буд. Дар навиштани хатти настаълиқ ҳамто надошт. Хаттотони маъруф Ҳасаналии Машҳадӣ, Сайидаҳмади Машҳадӣ, Мирмуиззии Кошонӣ ва Шоҳмуҳаҳаммад пайравони ӯ буданд.
Иброҳими Исфаҳонӣ фарҳанги тафсирие ба форсӣ низ навиштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳими Исфаҳонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.