Иброҳими Мавасилӣ (Иброҳим ибни Моҳон ибни Баҳман ибни Наск, форсӣ: ابراهیم بن ماهان بن بهمن الموصلی‎; 742, Куфа804, Бағдод) — навозанда, овозхон, шоир ва мусиқидони эронитабори аҳди хилофати араб, асосгузори Фарҳангистони ҳунари Бағдод.

Иброҳими Мавсилӣ
Таърихи таваллуд 742
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 804
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон, шоир

Зиндагинома

вироиш

Падараш Маймун пури Моҳон (зардуштӣ) аз аҳли Рай буда, чун ғанимат халифаҳо ба Куфа бурда, то охи-ри умр онҷо иқомат намудааст. Модараш ҳам то охири умр ба эътиқоди ниёконаш (зардуштӣ) монда, Иброҳими Мавасилӣ Асосҳои мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Иброҳими Мавасилӣ чанд муддат дар Мосул зиндагӣ карда, аз устодони мусиқии ниёконаш (Шаҳда, Ҷавония, Сулаймони форс) сознавозӣ, овозхониро омӯхта, дар барбатнавозӣ беназири замон шуд ва тахаллуси «Мавасилӣ»-ро устодонаш ба ӯ додаанд. Иброҳими Мавасилӣ Аз Мосул ба Бағдод омада, дар дарбори Ҳорунарра-шид (786—809) сарварии мутрибони хилофатро ба уҳда гирифт. Бо кӯшиши ӯ Фарҳангистони ҳунари Бағдод (с.798) таъсис ёфта ва он тақлиду бардошт аз Фарҳангистони Гунди Шопури Сосониён (222—651) буда, ба он бештар мусиқидонони эронитабор (Залзали Розӣ, Муҳриз, Нашити Форс, Соҳиби Хинсир ва диг.) сафарбар шуданд. Иброҳими Мавасилӣ дар ҳунари иҷроӣ бештар муътакиди сабки қадимӣ («ат-та-риқат-ал-қадима», «ат-тариқат-ал-аҷамӣ») буда, дар фаъолияти эҷодию иҷроии мактаби Бағдод ин ра-вияро таълим медод ва ҷорӣ намуд. Гурӯҳи ромишгарон хилофи ин сабк буданд (Зарёб ва дигарон), лек равияи Иброҳими Мавасилӣ ва пайравонаш такя бар суннатҳои иҷроии эрониён асос ёфта, дар таҳқиқи мусиқии назарӣ бисёр хулосаҳояшро дар заминаи анъаноти мусиқии бостонӣ (Сосонӣ) натиҷагирӣ кардааст. Дар таҳким ва рушди сабки устодонаи иҷроии Иброҳими Мавасилӣ бародарзанаш Мансури Залзал (721—779), ки ромишгари хеле донишманд буд, кумак мекард. Мактаб, сабки эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии Иброҳими Мавасилӣ, ки заминаи устувор дошт, навобаста аз зиддияти дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ дар Бағдод ва берун эътибори шоис-тае дар ҳаёти мадании хилофати Аббосиён касб кард. Мактаби Иброҳими Мавасилӣро писараш Исҳоқи Мавасилӣ (767—850) бо тозакориҳои эҷодию иҷроӣ, таҳқиқӣ идома дода, дар мактаби илмию амалии мусиқии Бағдод ва берун аз он як равияи асосан устуворро рӯи саҳна овард. Ӯ дар тарбияи сулолаи ромишгарони касбӣ (занону мардон), раққосаҳо саҳми зиёд дошта, бисёр ҳунарварон дар созу овоз берун аз ҳавзаи ҳунарии Бағдод (Зарёб, Муҳриз) сабки макаби ӯро идома додаанд. Иброҳими Мавасилӣ чун мусанниф мероси гаронқадре боқӣ монда, зиёда аз 900 суруду оҳанг эҷод намуда, китобе бо номи «Китоб-ул-мухтор-ул-оғонӣ» нигоштааст. Писараш Исҳоқ осори мусиқии Иброҳими Мавасилӣро дар китоби ҷомеъ бо номи «Китоб-ал-оғонӣ Ибраҳим ал-Мавасилӣ» гирдаворию таҳқиқ намудааст. Табъи баланди шеъргӯӣ дошта, матни аксари асарҳояшро худаш эҷод кардааст.[1]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 85 ISBN 978-99947-49-13-3