Иброҳими Сомонӣ
Фалакуддин Иброҳими Сомонӣ (форсӣ: ابراهیم سامانی) — шоири форс-тоҷик (охири асри 12 — аввали асри 13). Аз оли Сомон.
Зиндагинома
вироишДар замони Салҷуқиҳо баъд аз аҳди Санҷар (ҳукмронӣ 1118—1158) зистааст. Аслан аз Мовароуннаҳр буда, дар Ироқи Аҷам зиндагӣ кардааст. Муҳаммади Авфӣ аз ӯ се ғазал овардааст, ки ҳар се ишқӣ буда, радиф доранд. Ташбеҳу истиораҳои онҳо аз ин қабил санъатҳои шеърии шоирони ғазалнависи асрҳои баъдӣ фарқ мекунанд. Ғазали зер намунае аз ашъори ӯст:
Зиҳӣ, савдои ту сарҳо гирифта,
Зиҳӣ, ишқи ту ҷон дар по гирифта.
Ба доми зулф дар дарёи хубӣ
Ҳазорон моҳии дилҳо гирифта.
Ту бо ёрон раҳи савдо гузида,
Маро дар кунҷи ғам савдо гирифта.
Раҳи заҳри фироқатро чашида,
Ту ҷоми бодаи саҳбо гирифта..
Хаёлат ҳар шабе сад иқди гаҳвар
Аз он дар чашми шаб паймо гирифта.
Ба даврони ҷамоли ту хирадҳо
Чу аз маскан раҳи Анқо гирифта...
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳими Сомонӣ / А. Афсаҳзод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.