Иброҳими Урдубодӣ (форсӣ: ابراهیم اردوبادی‎; УрдубодИсфаҳон) — шоири форсигӯ, домоди риёзидони маъруфи он давра Муҳаммадбоқири Яздӣ.

Иброҳими Урдубодӣ
Зодгоҳ:
Маҳалли даргузашт:

Зиндагинома

вироиш

Дар миёнаҳои умр ба Ҳиндустон рафта, ба дарбори Шоҳҷаҳон роҳ ёфт ва масъули тарбияту тадриси фарзандони Ҷаъфархон — вазири Шоҳҷаҳон таъйин шуд. Пас аз чанде ба молу сарвати фаровон расид, аммо дере нагузашта дил аз тааллуқоти дунявӣ бурид ва ба суфигарӣ рӯ овард. Аз Ҳинд ба Исфаҳон баргашта, дар он ҷо вафот кард. Аз девонаш маълумоте дар даст нест, аммо дар тазкираҳо аз чанд рубоиву байти парокандаи ирфониаш ёд мешавад.

Рубоии зер аз ӯст:

Ҳар зиндадиле, ки ӯ зи аҳли дард аст,
Дониста зи асбоби тааллуқ фард аст.
Ҳар пирзане марги табиӣ дорад,
Марде, ки ба ихтиёр мирад, мард аст!

Адабиёт

вироиш