Иброҳими Қаҳҳор
Иброҳими Қаҳҳор (форсӣ: ابراهیم قهار; қарни XVI) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Ҳиндустон дар дарбори Акбаршоҳ (1556—1605) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Иброҳими Қаҳҳор дар сатҳи хурд композитсияҳои мураккабу комиле офаридааст. Минётурҳояш табиӣ ва ҷозибанд. Мавзӯи онҳо тасвири воқеаҳои таърихӣ, саҳнаҳои маишӣ ва размист. Барои асарҳои «Оини Акбарӣ», «Акбарнома», «Бобурнома» ва ғайра расмҳо (минётураҳо) офаридааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳими Қаҳҳор / М. Шарифова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.