Иброҳими Қонунӣ
Амир Иброҳими Қонунӣ (1478, Хуросон — 1542, ҳамонҷо) — мусиқидон, навозанда, хонанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1478 |
---|---|
Зодгоҳ | Ҳирот |
Таърихи даргузашт | 1542 |
Пеша(ҳо) | сароянда, навозанда |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш — Ҳирот камол ёфта, барои такмили ҳунар ба Сабзвор, Табрез, Рай рафт ва дар мусиқӣ (қонуннавозӣ), хаттотӣ ва сурудани асарҳои мусиқии тасаввуфӣ ва ҳамосӣ ном баровард. Азбаски сози қонунро хуб менавохт, «Қонунӣ» тахаллус кардааст. Ӯ дар дарбори Сафавиён ва Шайбониён ба сифати котиб, дафтардори наққорахона, ромишгар (навозанда ва сароянда) хидмат кардааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «нақш», «амал», «қавл», «кор», «сунбулӣ», «рехта» таснифоти рангини созию овозӣ сохтааст. Дар усули мақомҳои «Бузург» ва «Рост» нақши «Лаъли ту»-ро сохта, дар ҳаёти мусиқӣ шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Матни ин нақш ба қалами худи Иброҳими Қонунӣ тааллуқ дорад. Дар шеъру шоирӣ табъи равон дошта, бо тахаллуси «Қонунӣ» ғазалу рубоиёт гуфтааст.
Рубоии зер аз ӯст:
То лаъли ту дилфурӯз хоҳад будан,
Корам ҳаме оҳу сӯз хоҳад будан.
Гуфтӣ, ки ба хонаи ту оям рӯзе,
Он рӯз кадом рӯз хоҳад будан?
Бино ба маълумоти «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишер Навоӣ ва «Туҳфаи Сомӣ»-и Сом Мирзои Сафавӣ, Иброҳими Қонунӣ аз аксари фазоилу фунун баҳраманд буда, хатти зебое доштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳими Қонунӣ / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 85. — ISBN 978-99947-49-13-3.