Иброҳими I Дарбандӣ

Иброҳими I Дарбандӣ (Шакӣ1417, Шамохӣ) — амири Шервон (1382—1412), асосгузори сулолаи Шервоншоҳиёни Дарбанд.

Иброҳими I Дарбандӣ
Таваллуд
Даргузашт 1417
Мадфан
Дудмон House of Derbent[d]
Падар Prince Sultan Muhammad[d]
Фарзандон Gazanfar of Shirvan[d] ва Khalilullah I[d]

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи ашрофи маҳаллӣ. Баъди фавти Ҳушанг ибни Ковуси Шервоншоҳ ҳоким таъйин шуд. Иброҳими I Дарбандӣ дар давраи тохтутози амир Темур ба Қафқоз ҳукумати Темуриёнро эътироф карда, маншури ҳокимияти минтақаи ҷануби Қафқозро соҳиб шуд. Ӯ дар давраи шиддати муборизаҳои Темур ва хони Ӯрдуи Тилоӣ — Тухтамиш (1380-95) аз аввалӣ пуштибонӣ карда, қаламрави аморати Шервонро васеъ кард. Соли 1387 Темур дар иттиҳод бо Иброҳими I Дарбандӣ сипоҳи Тухтамишхонро дар набарди назди д. Кура шикаст дод. Иброҳими I Дарбандӣ дар тохтутозҳои Темур ба Аштархон ва Осиёи Хурд ширкат дошт. Баъди фавти Темур (1405) ш. Табрезро ишғол карда, чандин ҳуҷуми амирони Қароқуюнлуро ба Гурҷистон ва Доғистон боздошт. Дар ибтидои асри 15 Иброҳими I Дарбандӣ бо шоҳи Кахетӣ — Константини I ва ҳокими Шикӣ — Сайид Аҳмад ба муқобили Қароюсуфи Қароқуюнлу иттиҳоди ҳарбӣ баст. Соли 1412 Қароюсуф сипоҳи муттаҳидаи рақибонашро дар набарди назди Чалаган шикаст дод ва Иброҳими I Дарбандӣ асир афтод. Ӯ пас аз пардохти товони ҷанг озод шуд ва аморати Шервон ба Қароқуюнлуҳо тобеъ гардид. Иброҳими I Дарбандӣ дар ш. Боку масҷиди ҷомеъ бунёд карда буд, ки ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш