Иброҳим Девона
Иброҳим Девона (форсӣ: ابراهیم دیوانه; нимаи аввали қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Шаҳрисабз. Дар мадрасаҳои Шаҳрисабз таҳсил кардааст. Ривояте ҳаст, ки Мирзо Содиқи Муншӣ бо вуҷуди хаттоти номвар буданаш ошиқу шефтаи ҳусни хатти Иброҳим Девона будааст. Иброҳим Девона дар зебо навиштани анвои хатти маъмули арабӣ моҳир будааст. Ӯ шогирдони бисёре тарбия намудааст, ки машҳуртаринашон Бобобеки Иштибар ва Юнусхоҷаи Шаҳрисабзӣ мебошанд. Муфрадот ва баъзе қитъаҳои китобаткардаи Иброҳим Девона дар китобхонаҳои шахсӣ маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳим Девона / С. Султонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.