Игор Губин
Губин Игор Евгеневич (русӣ: Игорь Евгеньевич Губин; 18 апрел [1 май] 1906, Санкт-Петербург[1] — 15 июл 2001, Маскав) — заминшиноси шӯравӣ, муҳаққиқи соҳаи сейсмотектоника. Доктори илмҳои геология ва минералогия (1960), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1966), узви вобастаи АИ ИҶШС (1976).
Таърихи таваллуд | 18 апрел (1 май) 1906 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 июл 2001 (95 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | заминшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти кӯҳкории Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург, 1935). Солҳои 1938−1945 мудири бахши геологияи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС, минбаъд Институти геологияи Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС буд. Асосан тектоника ва заминларзаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст. Игор Губин нахустин харитаҳои ноҳияҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбии Тоҷикистонро тартиб дода, қисми ҷанубии Осиёи Марказиро ба ноҳияҳои тектоникӣ тақсим кардааст. Дар Тоҷикистон чандин минтақаи кафидаҳои бузурги тектоникиро муқаррар намуда, харитаҳои изосейстии 30 заминларзаи харобиоварро мураттаб сохта, сабабҳои геологии онҳоро шарҳ додааст. Игор Губин мувофиқати қонуни ҳодисаҳои геологию зилзилавиро ба назар гирифта, тарзи нави тартиб додани харитаҳои зилзилавиро пешниҳод кард, ки дар онҳо минтақаҳои зилзилавӣ мавқеи махсус доранд. Игор Губин солҳои 1966-1967 аз тарафи созмони ЮНЕСКО ҳамчун профессори Институти байналмилалии сейсмологии Токио дар Ҷопон, 1968—1969 ҳамчун мушовири ЮНЕСКО дар Ҳиндустон оид ба масъалаҳои тақсимоти сейсмологии ноҳияҳо фаъолият кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Губин Игорь Евгеньевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Губин Игор Евгеневич / Р. Б. Баротов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Закономерности сейсмических проявлений на территории Таджикистана. М., 1960;
- Большая биографическая энциклопедия. М., 2009.