Идеология

(Тағйири масир аз Идеолужӣ)

Идеология (юн. ιδεολογία; аз ιδέα; ({{lang-fa| ایدئولوژی) «ғоя, идея» + λογος «калима, хирад, таълимот») — низоми арзишҳову ғояҳои иҷтимоии ба таври назарӣ ташаккулёфта, ки самти амалҳои иҷтимоиро таъйин ва манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеаро таҷассум карда, барои субот ё тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳамбастагии мардум хидмат мекунад.

Низом

вироиш

Идеология ҳамчун воситаи бонизом ва муттаҳидкунандаи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои дарки ҳастӣ ва рушду инкишофи онҳо истифода мешавад. Идеология одамонро ба як самт сафарбар карда, фаъолияти онҳоро ҷоннок мегардонад ва имкон медиҳад, ки табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ худро ҳамчун субъектҳои мустақил муаррифӣ намоянд. Ҳар як неруи сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки назарияи мушаххаси ғоявиро ба вуҷуд оварад ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳад. Идеология дар марҳалаи дигаргуниҳои инқилобӣ нақши барҷаста дорад, зеро ба ҳаракатҳои сиёсии оммавӣ доираи васеи табақаҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ мешаванд. Мас., инқилоби буржуазии англисҳо (1642-49) ва фаронсавиҳо (1789-94) мавқеи идеологияро боло бардошта, онро ҳамсафари сиёсат гардониданд. Вазифаҳои идеология : роҳнамоӣ, ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, сафарбаркунӣ ва ғ. Асоси идеологияро низоми ғояҳо дар бораи ҳокимият: моҳияти он, ташкил, нигоҳдорӣ ва амалигардонӣ ташкил медиҳад.

Таърих

вироиш

Мафҳуми идеологияро нахустин бор соли 1796 файласуфи фаронсавӣ Дестют де Траси (1754—1836) дар гузориши худ «Лоиҳаи идеология» ба илм ворид ва баъдан дар китоби сеҷилдаи «Унсурҳои идеология» (1801-1815) ба таври васеъ баррасӣ кард. Де Траси мақсад дошт илмеро дар бораи ғоя ба вуҷуд оварда, манбаи маърифат ва иштибоҳҳои ҳаёти инсониро муайян намояд. Ба ақидаи ӯ илм дар бораи ғоя бояд дар қатори физиология ва фалсафаи ахлоқ муҳимтарин ҷузъи илмҳои инсонӣ бошад. К. Маркс ва Ф. Энгелс мафҳуми идеологияро барои ифодаи «шуури бардурӯғ» истифода кардаанд. Ба ақидаи онҳо, идеология инъикоси бардурӯғи ҳастӣ ва хаёлҳои хоми синфӣ мебошад. Онҳо дар доираи таҳлилҳои сиёсию иҷтимоии худ идеологияро аз нуқтаи назари манфиатҳои синфӣ баррасӣ карда, яке аз унсурҳои болосохт мешумориданд ва мавҷудияти онро ба зербинои иқтисодӣ ва низоми муносибатҳои синфӣ вобаста медонистанд; синфи ҳукмрон ба воситаи идеология ҳукмронии худро таъмин намуда, ҷомеаро бо низоми ғояҳои муайян алоқаманд мекунад. Маркс ва Энгелс таълимоти худро идеология намешумориданд, аммо Ленин онро идеологияи пролетариат ва марксизмро идеологияи илмӣ меномид. Дар баробари ин, дар миёни илмҳои иҷтимоӣ, марксизм ва идеологияи пролетариат аломати баробарӣ гузошта шуд. Чунин шарҳу баёни марксизм боиси догматизатсияи он шуд. Аммо идеология «шуури бардурӯғ» ва «чашмбандӣ»-и табақаҳои иҷтимоӣ набуда, дар он донишҳои бунёдӣ дар бораи ҷомеа ва унсурҳои ифодакунандаи манфиатҳои иҷтимоӣ дида мешаванд.

Ҷомеашиноси олмонӣ К. Маннҳейм (1893—1947) дар «Идеология ва утопия» идеологияро ҳамчун воситаи бонизоми тафаккури иҷтимоию гурӯҳие арзёбӣ кардааст, ки дар он назарияҳои мухталифи муҳити атроф ташаккул меёбанд. Идеология фарогири вазъи муҳимми ҷамъиятӣ буда, дар ҳаёти воқеӣ таҷассум меёбад ва бошуурона интихоб мешавад. Дар раванди таҳияи қарор ва татбиқи он ҳамзамон ормонҳои иҷтимоӣ ҳамчун нақшаи ҳадафноки ин ва ё он табақаи иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Дараҷаҳои идеология : назариявию консептуалӣ, барномавию сиёсӣ ва амалӣ. Дар дараҷаи назариявию консептуалӣ паҳлуҳои асосии назарияи сиёсӣ ташаккул ёфта, арзиш ва идеалҳои мушаххас асоснок мешаванд, аҳли зиё ба фаъолият машғул гардида, таълимоти гуногуни ғоявӣ меофаранд. Дар дараҷаи барномавию сиёсӣ ормону арзишҳои ғоявӣ дар таълимоти сиёсӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии ҳизбҳои мухталифи неруҳои сиёсӣ мушаххас мешаванд. Ҳама гуна барнома ва дастуруламалҳои сиёсию ғоявӣ аз ҷониби ҳизбҳо ва дастгоҳи давлатӣ таҳия мешаванд. Дар дараҷаи амалӣ идеология ба боварҳои одамон табдил ёфта, ба шаклҳои мухталифи иштироки сиёсӣ ва навъҳои гуногуни рафтори сиёсӣ таъсир мегузорад. Ниҳодинасозии идеология тавассути фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳо, ташвиқоту тарғибот ва ғ. амалӣ мегардад. Дар ҷомеаи тоталитарӣ идеология дар байни доираҳои гунонуни ҳастӣ ва маърифати иҷтимоӣ қувваи маҷбурӣ-оммавӣ дошта, аз ҷониби қариб ҳамаи ниҳодҳои иҷтимоӣ: ҳокимият, ҳуқуқ, ВАО, маориф ва ғ. дастгирӣ меёбад.

Идеологияи сиёсӣ яке аз шаклҳои шуури гурӯҳиест, ки ақидаҳои сирф гурӯҳиро инъикос мекунад ва аслиҳаи маънавии нухбагон ба шумор меравад. Дар замони дигаргуниҳои куллии ҷамъиятӣ нақши идеологияи сиёсӣ меафзояд, зеро таҷрибаи сиёсӣ, фаъолияти ниҳодҳои сиёсӣ ва мубориза барои механизми нави давлатӣ дар ҷои аввал қарор мегирад. Идеологҳо ҳангоми инқилобҳо ва ислоҳоти амиқ ба як қувваи маънавӣ табдил меёбанд. Онҳо на танҳо мухолифати иҷтимоиро инъикос мекунанд, балки таҷрибаи муайяни навини сиёсиро рӯи кор меоранд. Муқаррароти мақсадноки ғоявӣ таҷрибаи сиёсиро то дараҷае ҳавасманд мегардонад ва идеология ба сиёсат мубадал мешавад. Дар заминаи таҳлили танқидии шуури муқаррарӣ ҳар як идеология барномаи сиёсии асоснокшудаеро ташаккул медиҳад, ки ифодагари дурнамои рушди ҷомеа мебошад.

Вазифаҳои идеологияи сиёсӣ
  1. Таъмини ҳокимияти қонунӣ.
  2. Ба даст овардани боварии мардум ва эътиқоди онҳо нисбат ба низоми сиёсии мавҷуда ва ниҳодҳои сиёсӣ.
  3. Сафарбаркунӣ ва ҳамгироии одамон баҳри ҳимояи манфиатҳои умум. Ягонагии идеологӣ одамонро дар атрофи арзишҳо ва ормонҳои умумӣ гирд оварда, ба як созмони сиёсӣ табдил ва дар онҳо эҳсоси гурӯҳиро ташаккул медиҳад.
  4. Танқид. Ҳар як идеологияи сиёсӣ нисбат ба воқеияти сиёсӣ ва арзишҳои идеологияи бегона танқидро раво мебинад.
  5. Маърифатӣ. Идеологияи сиёсӣ масъалаҳои алоҳида ва мухолифатҳои ҳаётиеро, ки мавҷудияти онҳо аз сохтори иҷтимоӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ вобастаанд, ба таври ногузир дар худ нигоҳ медорад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба воситаи назарияҳои ғоявӣ воқеиятро дарк карда, онро бо манфиатҳои иҷтимоию сиёсии худ мутобиқ месозанд.
  6. Созандагӣ. Ба воситаи идеологияи сиёсӣ аъзои ҷомеа барои иҷроиши кор ва ё ҷонибдорӣ аз қарори сиёсӣ пешакӣ омода мешаванд. Раванди ормонофарӣ, асоснокии ормонҳои мазкур ба ҷомеа моҳияти вазифаи созандагии идеологияро ифода менамояд.
  7. Меъёрӣ. Идеологияи сиёсӣ дар худ маҷмӯи талаботи сиёсиеро нигоҳ медорад, ки барномаҳои амалӣ ва лоиҳаҳои сиёсӣ бо онҳо мувофиқ ва ба таври ҳатмӣ риоя мешаванд.

Махсусан, дар давраи гузариш ва дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ идеология ба мушкилиҳои меъёрӣ рӯ ба рӯ мегардад, зеро дар шароите, ки дар ҷомеа ислоҳоти гуногун ё равандҳои инқилобӣ амалӣ мешаванд, ҷараёнҳои дигари ғоявӣ хеле фаъол шуда, меъёрҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯйро ба одамон пешкаш мекунанд ва таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб менамоянд.

Ба воситаи идеологияи сиёсӣ на танҳо мазмуни рафтори одамон асоснок мешавад, балки арзишҳое чун рушду инкишофи мавзуни ҷомеа пешгӯӣ мегарданд. Дар чунин шароит идеология вазифаи эҳсосотӣ ва равоншинохтиро иҷро намуда, майлу хоҳиши одамонро нисбат ба иҷроиши амру фармонҳо ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ зиёд мекунад. Идеологияи сиёсӣ дорои иқтидори бузург буда, ба воситаи он ба афкори ҷамъиятӣ доимо таъсири амиқ расонида мешавад. Он барои ташаккули робитаи ҷамъиятӣ қодир буда, муносибатҳои мутақобила, якдигарфаҳмии миёни ҷомеа ва нухбагони ҳукмронро таъмин менамояд. Барои ташаккули иртиботи сиёсӣ миёни нухбагони ҳукмрон ва табақаҳои гуногуни ҷомеа забони сиёсӣ нақши хеле муҳим мебозад. Забони сиёсат низоми махсуси ифодаҳои рамзиест, ки ба воситаи он инсон мавқеи худро дар ҷомеа муайян ва рафтори сиёсии худро назорат мекунад. Идеология доимо ба амалҳои одамон нигаронида шуда, ба рафтори сиёсии онҳо таъсири амиқ мерасонад. Муносибати ҳокимияти сиёсӣ бо ниҳодҳои гуногуни сиёсӣ, тасаввурот дар бораи беҳтарин сохтори давлатӣ, роҳу усулҳои дигаргунсозии соҳаи иҷтимоӣ ва ғ. мазмун ва мундариҷаи идеологияи сиёсиро ташкил медиҳанд.

Муносибати давлат бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ дар идеологияи сиёсӣ таҷассум гардида, самтҳои асосии соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба воситаи он муқаррар ва меъёрҳои асосии ҳалли масъалаҳои миллӣ муайян мешаванд. Идеологияи сиёсӣ ормонҳои ҷамъиятиро ташаккул дода, аҳаммияти онҳоро барои ҷомеа асоснок мекунад. Бархе аз муҳаққиқон идеологияи сиёсиро на танҳо аз афкори иҷтимоӣ ва назариявӣ вобаста медонанд, балки онро як навъ эътиқод муаррифӣ менамоянд. Аз назари А. Тойнби либерализм, сотсиализм ва миллатгароӣ ба монанди динҳои ҷаҳонӣ навъи махсуси эътиқоданд, зеро идеология маҷмӯи боварҳоест, ки дар худ қувваи эътиқодро нигоҳ медорад. Идеологияи сиёсии замони муосир аз қабили либерализм, консерватизм, марксизм ва сотсиализм дар раванди пайдоиш ва рушду инкишофи тамаддуни Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омадаанд. Идеологияҳои мазкур инъикоскунандаи мухолифат ва низоъҳои воқеие мебошанд, ки дар раванди барқароршавӣ ва рушду инкишофи ҷомеаи саноатӣ ба назар мерасанд. Ҳамаи идеологияҳои замони муосир бархӯрдҳои иҷтимоию сиёсиро дар худ инъикос карда, марҳала ба марҳала рушду инкишоф меёбанд. Идеологияҳо дар раванди хубтару беҳтар сафарбар кардани одамон барои қабули арзишҳои ҳамдигар шаклҳои худро иваз менамоянд. Рақобати неруҳои сиёсие, ки барои ба даст овардани ҳокимият мубориза мебаранд, ҳамчун рақобати ғоявӣ асоси муносибатҳои сиёсиро ташкил дода, маҳаки асосии рушди сиёсӣ ва меъёри муҳимми самаранокии низоми сиёсӣ дониста мешавад. Самтҳои омӯзиши идеология : сохторӣ (идеология ҳамчун қисми ҳаёти маънавии ҷомеа); генетикӣ (асл, таносуб бо неруи муайяни иҷтимоӣ); вазифавӣ (вазифаҳои иҷтимоии идеология); ниҳодинасозӣ (тарҳи дастгоҳҳои сиёсӣ, усулҳои идеологии таъсир ва дастакорӣ (манипулятсия)).

Адабиёт

вироиш
  • Большая Российская энциклопедия. Т. 10. М., 2008;
  • Маҳмадов А. Н. Муқаддимаи идеяи миллӣ. Д., 2013.

Сарчашма

вироиш