Идибек Зиёев
Идибек Зиёев (Зиёев Идибек Ғозиевич; тав. 21 июли 1955, деҳаи Хек, ноҳияи Дарвоз, ВМКБ) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (2006), профессор (2011).
Зиёев Идибек Ғозиевич | |
| |
Таърихи таваллуд | 21 июл 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Хек, ноҳияи Дарвоз, ВМКБ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа (2006) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (2011) |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1977) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи шарқшиносии УДТ (ҳоло ДМТ; 1977). Тарҷумони забони арабӣ (Ироқ; 1977‒1980), муҳаррири редаксияи фалсафа ва ҳуқуқи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1980‒1983), хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (Сурия; 1983‒1986). Аспиранти Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990‒1992), ҳамзамон то соли 1995 устоди кафедраи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дотсенти кафедраи таърихи фалсафаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995‒1997), мудири кафедраи забонҳои хориҷии Мактаби олии Вазорати амнияти ҶТ (1997‒2006), мудири шуъбаи ҳаҷ ва равобити байналмилалии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006‒2008), сардори Сарраёсат оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008‒2010), сардори шуъбаи таҳсилоти динӣ ва назорати таблиғоти динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010‒11), муовини ректор оид ба илми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Нуъмон ибни Собит (2011‒13). Мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(аз соли 2013)[1].
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи 10 рисола ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ оид ба таърихи фалсафаи Шарқ буда, бо омӯзиши афкори Муҳаммад Иқбол, осори динӣ-фалсафии мутафаккирони Шарқ ва тасаввуф машғул аст. Зери роҳбарии Идибек Зиёев 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.
Осор
вироиш- Муаммои инсон дар фалсафаи Муҳаммад Иқбол. Д., 1998;
- Муҳаммад Иқбол ва тасаввуф. Д., 2004;
- Қуръоншиносӣ. Д., 2012;
- Ҳадисшиносӣ. Д., 2013;[2]
- Фалсафаи ахлоқи исломӣ. Д., 2013;
- Философия религии Муҳаммад Иқбол. Д., 2014;
- Муҳаммад Иқбол: зиндагӣ, осор ва ҷаҳонбинӣ. Д., 2015;
- Таърихи Қуръон. Д., 2015;
- Тасаввуф. Ҷ. 1‒ 2. Д., 2016.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Кафедраи онтология ва назарияи маърифат(тоҷ.). Сайти расмии ДМТ. tnu.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 июли 2017.
- ↑ Hadisshinosi. shop.eastview.com. 21 июли 2017 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — 648 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.