Иди тоҷик (рӯзнома)
Рӯзномаи «Иди тоҷик» — аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев чун рӯзномаи «Бедории тоҷик» баромад, ки он аслан шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» буд). Аз 8 октябри соли 1928 бо номи «Тоҷикистони сурх», минбаъд «Тоҷикистони Советӣ», «Ҷумҳурият» чоп шудааст.
Таърих
вироишМатбуоти навбунёди шӯрои тоҷик вазифадор буд, дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дар ривоҷу маорифу маданият ва тарғиби идеяҳои коммунистӣ ҳамчун аслиҳаи тавонои ҳизб хидмат кунад. Зеро «Ба забонҳои таҳҷоӣ нашр кардани матбуоти ҷумҳуриҳои миллӣ, зиёд шудани адади нашри онҳо, бо омма мустаҳкам шудани алоқаашон (бо ёрии мухбирону коргару деҳқон) ба завқу фаҳмиши оммаи деҳқон наздик шудани онҳоро таъмин кардан лозим» буд. Ҳанӯз дар ҷамъомади аввалини бюрои ҳизбии Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки 10 декабри соли 1924 баргузор гардид, масъалаи беҳтар кардани вазъи матбуот мавриди муҳокима қарор ёфт. Он вақт ду номгӯй рӯзномаи тоҷикӣ: «Овози Шарқ» ва «Овози тоҷик» нашр мешуд. Ташкилоти ҳизбии ҷумҳурӣ «Овози тоҷик»-ро органи расмии худ эълон намуд. Дар ин давра шароити техникии матбуот бағоят бад, таҷҳизот дар биноҳои куҳнаю фарсуда ҷойгир шуда, коргарони матбаа камшумор буданд. Таҷҳизоти техникӣ ноқис ва фарсуда, ҳуруф, рангу коғаз намерасид. Қарор дода шуд, ки аз матбааи Бухорои Кӯҳна 600 пуд ҳуруф гирифта, ба Самарқанд оварда шавад. Бюрои ташкилии коммунистони тоҷик аз ҲК (б) Ӯзбекистон хоҳиш кард, ки яке аз матбааҳои дар Самарқанд будаи Туркистонро ба ихтиёри ҶМШС Тоҷикистон диҳад. Баҳори соли 1925 бюро ва ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе кӯчид. Аз ҳамон вақт тамоми кӯшиш ба он равона гардид, ки дар пойтахт матбааи боиқтидоре ташкил карда шавад. Комитети инқилобии Тоҷикистон 11 апрели соли 1925 дар бораи ба Душанбе кӯчонидани матбааи Самарқанд қарор қабул кард. Ва дар воқеъ ҳам, қисме аз лавозимоти «Овози тоҷик» ба Душанбе оварда шуд. Чуноне ки яке аз аввалин журналистони тоҷик Қ. Дайламӣ ёдоварӣ мекунад, дар ин айём бародарони ленинградӣ ба тоҷикон дасти ёрӣ дароз карданд. Нимаҳои соли 1925 аз он ҷо ба Душанбе машинаи чопии дастӣ ва ба миқдори хело зиёд ҳуруф омад. 11 августи соли 1925 кумитаи инқилобии Тоҷикистон барои кори матбуот боз 50 ҳазор сӯм ҷудо кард. Ба ин пул рангу коғаз, ҳуруфу мошини чопӣ харида, ба сохтмони бинои матбаа, ки бояд 15 ноябри соли 1925 ба истифода дода мешуд, шурӯъ кардан лозим буд. Иҷрои корро ба зиммаи назорати маориф гузоштаанд. Соли 1925 мувофиқи хоҳиши роҳбарияти ҷумҳурӣ аз Қазон ба Душанбе Исмоил Бектемиров, Кабир Келминдиев, Кашшоф Салоҳиддинов барин кормандони матбаа омаданд. Бектемиров директори матбааи тоҷик таъйин шуд. Дар матбааи ҷаридаҳои «Бедории тоҷик», «Советский Таджикистан», «Овози тоҷик», «По босмачу»! ноширони миллатҳои гуногун – тоҷикон, русу украинҳо, тоторҳо – М.Қурбонов, Тиллоев, Г.Алиев, Кенҷаев, Саидов, В.Алиев, Аҳмадов, Алимардонов, Казаков, Степанов, Егоров, Кузмин, Евдакимов, Захарченко ва дигарон паҳлӯ ба паҳлӯ истода меҳнат мекарданд.
Нашрияи нахустин
вироишТайёрӣ ба нашри шумораи аввали нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ бо забони тоҷикӣ дар Душанбе – «Бедории тоҷик» ҳанӯз ибтидои моҳи феврали соли 1925 сар шуда буд. Ба нашри ин рӯзнома як гурӯҳи ходимони ҳизбӣ, давлатӣ ва созмони ҷавонон мутасаддӣ шуданд. Дар байни онҳо Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов буданд. Дар Душанбеи онрӯза пайдо кардани лавозимоти техникӣ кори чандон осоне набуд. Лозим шуд, ки ҳангоми тайёрӣ ҳарфҳои рӯзномаи «Овози Шарқ»-ро истифода кунанд. Ин ҳарфҳои куҳна ва сӯдашударо ним сол муқаддам, бо ҳазор машаққат аз чопхонаи Бухоро ба воситаи корвони уштурҳо ба Душанбе оварда буданд. Дар тӯли бештар аз як ҳафта саҳифаҳоро бастанд. Аммо матбааи «Овози Шарқ» ба кор намеомад. Дар машинаи чопии «Американка» нашри ин рӯзнома имконнопазир буд. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба идораи сиёсии корпуси тирандоз муроҷиат намуда, ёрӣ хост. Ҳамин тавр, 15 марти соли 1925 шумораи аввалини «Иди Тоҷик» ба миқдори 1000 нусха интишор ёфт. Баъдтар ба чопи мунтазами рӯзномаи тоҷикӣ дар Душанбе шурӯъ карданд.
Аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» баромад, ки он аслан шумораи навбатии «Иди тоҷик» буд.
Аз 8 октябри соли 1928 ин рӯзнома бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Усмонов И. К., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. – Душанбе, 2008. – С.138