Идораи нотариалӣ - мақомотест, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиёти нотариалӣ (тасдиқи аҳдҳо, мураттаб сохтани ҳуқуқҳои меросӣ ва ғайра) ба ҷо оварда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Идораҳои нотариалӣ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ таъсис ва барҳам дода мешаванд. Тибқи м.12 Қонуни ҶТ «Оид ба нотариати давлатӣ» аз 15.05.1997 № 412 ба ҳайси нотариуси давлатӣ шаҳрванде метавонад кор кунад, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дошта, аз коромӯзӣ дар идораи давлатии нотариалӣ камаш 1 сол гузашта, имтиҳони тахассусиро супорида бошад. Ба нотариуси давлатӣ ба ҷуз корҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ ба дигар навъи фаъолият шуғл варзидан манъ аст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 174