Идрор (ар. ادرار‎ – бахшиши пайдарпай; маоши моҳона ё солона, ваҷҳи рӯзгузаронӣ), рӯзина, танхоҳ, ротиб — навъи ёрии мунтазами молиявӣ дар шакли музди таҳсил, баъзан кумакпулии ҳармоҳа, ки ба хонандагон, донишҷӯён ва ҳамчун ҳаққи қалам дода мешуд.

Дар Эрони Бостон ба донишҷӯёну донишмандон ва сарбозону афсарон маблағи муайяне – рӯзина (ба маънии идрор) дода мешуд. Дар асрҳои миёна дар мадрасаҳои Сармақанду Бухоро (то оғози садаи XX), Бағдод ва ғайра барои толибилмон ва шоирону олимон ба андозаи муайян идрор таъйин гардида буд. Мас., Саъдии Шерозӣ дар мадрасаи Низомияи шаҳри Бағдод барои таҳсил ва рӯзгузаронии худ идрор мегирифтааст:

Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу рӯз талқину такрор буд.

Саъдӣ

Марсум тамаъ мадору ташриф мапӯш,
Идрори қалам барнеҳу инъом махӯр.

Убайди Зоконӣ

Нони ҳалол касб кунем аз тариқи илм,
Идрор чун хӯрем чу ҷуҳҳол суфиён.

Анварӣ

Шоҳ хилъат доду идрораш фузуд,
Пас забон дар мадҳи ақли ӯ гушуд.

Мавлавӣ

Сарчашмаҳои идрор хайру эҳсонкорӣ, даромадҳо ва ғ. буданд. Ҳангоми таъйиноти И. муваффақият ва вазъи моддии хонандаро ба назар мегирифтанд. Идрори давлатӣ ба қисми ками донишҷӯён бо ихтисосҳои муҳимми тахассусӣ ва толибилмони эҳтиёҷманд аз рӯи талаботи муайян (мас., эътимоднокии сиёсӣ, динӣ ва ғайра) таъйин мегардид.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш