Ижевск
Иже́вск (удм. Ижкар[1], аз 1984 то 1987 — Усти́нов) — шаҳр дар Русия, пойтахти Ҷумҳурии Удмуртистон (воҳиди Федератсияи Русия). Дар қисми ҷанубии Удмуртистон, дар соҳили дарёи Иж воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 648215 нафар (2018). Шоҳроҳи автомобилгард, истгоҳи р. о. ва фурудгоҳ дорад.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
русӣ: Ижевск | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Oleg Nikolaevich Bekmemetiev[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1760 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1760 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 140 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+4 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Забони расмӣ | Udmurt[d] ва русӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 3412 | ||||
Нишонаи почта | 426000–426999 | ||||
izh.ru(рус.)(англ.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишСоли 1760 ҳамчун шаҳраки коргарии З-ди Ижевск аз ҷониби граф П. И. Шувалов дар мувофиқа бо фармони малика Елизавета Петровна аз 15.9.1757 бунёд шудааст. Соли 1763 завод давлатӣ гардида, дар тобеияти Берг-ҳайат (мақомот оид ба назорати саноати истихроҷи маъдан дар Русия) қарор гирифт. Барои з-дҳои яроқсозии Тула ва Сестрореск намудҳои гуногуни оҳан ва пӯлод истеҳсол мекард. Ҳангоми шӯриши Пугачёв (1773-75) заводи мазкур хароб гардида, соли 1775 аз нав барқарор карда шуд. Соли 1807 дар корхона шуъбаи истеҳсоли яроқ ташкил карда, соли 1808 завод ба ихтиёри Вазорати ҳарбӣ дода шуд. 21.2. 1918 Ижевск мақоми шаҳрро гирифт. Ҳангоми Ҷанги гражданӣ (1917-22) Ижевск яке аз марказҳои шӯриши Ижевск-Воткинский (соли 1918) буд. Апрели 1919 сипоҳиёни адмирал А. В. Колчак ва 7 июни ҳамон сол қувваҳои Артиши Сурхи коргару деҳқон (РККА) онро ишғол намуданд. Дар давраи Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба Ижевск як қатор корхонаҳои саноатӣ аз ноҳияҳои атрофи Маскав ва ҶШС Украина кӯчонида шуданд. 20.07.1942 дар Ижевск Заводи механикии Ижевск бунёд гардид, ки аслиҳаи зиддитанкии В. А. Дегтярёв ва С. Г. Симонов, тапончаҳои автоматии Ф. В. Токарев, аз соли 1947 автомати М. Т. Калашников, аз соли 1949 таппончаи навъи Н. Ф. Макаров ва аслиҳаи шикорӣ-варзишӣ истеҳсол мекард. Дар саноати Ижевск «Заводи мошинасозии Ижевск» ва корхонаҳои «Ижмаш», «Мототсиклҳои Ижевск», «Ижмашстанко», «Заводи аслиҳасозии Ижевск» (намудҳои гуногуни автомати Калашников, тапонча-пулемёт ва ғ.) ҷойгоҳи муҳим доранд. Ижевск маркази илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Удмуртистон мебошад.
Саноат
вироишСоҳаҳои асосии саноати И: истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, мошинасозӣ ва коркарди филиззот. Дар Ижевск Донишгоҳи Удмуртистон (1931), Академияи тиббӣ (1933), Академияи кишоварзӣ (1943), Донишгоҳи техникӣ (1952), Китобхонаи миллӣ (1918), китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона (1919), осорхонаҳои миллӣ, саноеи нафиса, осорхона-мамнуъгоҳи этнографӣ-бостоншиносии «Лудорвай» (1980), маҷмааи осорхона-намоишгоҳи аслиҳаи оташфишони ба номи М. Т. Калашников (2004), Театри опера ва балети Удмуртистон, Театри миллии Удмуртистон, Театри драмавии русии ба номи В. Г. Короленко, театри лӯхтак, филармония, ансамбли давлатии тарона ва рақси «Италмас» (1936) ва сирки давлатӣ (1926) фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ О происхождении названия «Иж кар» см.: Важнейшие удмуртские топонимы. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2011.
Адабиёт
вироиш- Ижевск // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.