Изатин
Изатин — 2,3-дигидроиндол-2,3-дион, 2,3-индолиндион, пайвасти ҳетероароматӣ:
Общие | |
---|---|
Хим. формула | C₈H₅NO₂ |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 91-56-5 |
PubChem | 7054 |
Рег. номер EINECS | 202-077-8 |
SMILES | |
InChI | |
RTECS | NL7873000 |
ChEBI | 27539 |
ChemSpider | 6787 |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
Кристаллҳои сурхи зардтоб, t гудозишаш 205°С; дар оби ҷӯш, атсетон, бензол, этанол, метанол ва ишқорҳо ҳал мешавад. Изатинро соли 1841 кимиёдонҳои фаронсавӣ О. Лоран ва олмонӣ О. Эрдман ҳангоми оксидшавии нил (индиго) ҳосил карданд. Изатин хосияти сусти асосҳо ва оксидҳоро дошта, зери таъсири филизҳои ишқорӣ ё ишқорзаминӣ ва ё асидҳо намак ҳосил мекунад. Изатин ба реаксияҳои атсилонӣ, галогенонӣ, сулфуронӣ, нитронӣ, ки ба пайвастҳои ароматӣ хоссанд, дохил мешавад. Изатинро бештар аз анилин ҳосил мекунанд. Он дар истеҳсолоти рангҳои нилӣ ва ҳамчун реагент барои дар ҳаво муайян кардани бензол, пиррол ва тиолҳо истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Изатин // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.