Известия (рӯзнома)
«Известия» — рӯзномаи пуршуморгон дар Русия. Ин рӯзномаи давлатӣ аз минбарҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аз соли 1917 оғоз ба кор кард ва то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ба кор идома дод.
Навъ | рӯзнома |
---|---|
Формат | васеъшакл[d] ва андозаи коғаз |
|
|
Молик | National Media Group[d] |
Кишвар | |
Асосгузорӣ | 1917 |
Забон | русӣ[1] |
Дафтари марказӣ | |
Теъдод | 150 950 |
ISSN | 0233-4356 ва 1563-6313 |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | iz.ru(рус.) |
таърих
вироиш13 марти 1917 бо номи «Известия Петроградского совета рабочих депутатов» чоп шуда буд. Баъдан таҳти унвонҳои «Известия Центрального исполнительного Комитета и Петроградского совета рабочих и солдатских депутатов» (аз августи 1917), «Известия Советов депутатов трудящихся СССР» (1938-77) ва «Известия Советов народных депутатов СССР» (1977-91) нашр шуд. То соли 1917 рӯзнома тобеи меншевикон, Шӯрои коргарон ва вакилони сарбозони Петроград ва Кумитаи Марказии Иҷроия буд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр роҳбарии «Известия»-ро болшевикон ба даст гирифта, аз 14 июли 1923 онро ба нашрияи расмии Ҳукумати Шӯравӣ ва Шӯрои Олии ИҶШС табдил доданд. В. И. Ленин «Известия»-ро чун «нашрияи шакли нави ҳокимияти давлатӣ» аз «Правда», ки нашрияи ҲКИШ буд, болотар меҳисобид, зеро тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Шӯрои Комиссарони халқ ва дигар мақомоти марказии ҳокимият дар «Известия» ба чоп мерасиданд. Аввалин декретҳои Давлати шӯроҳо «Дар бораи сулҳ» ва «Дар бораи замин» тавассути «Известия» ба мардум расидаанд. Он солҳо теъдоди нашри «Известия» қариб 400 000 нусха буд.
Дар «Известия» доир ба Тоҷикистон низ мунтазам хабару мақолаҳо чоп мешуданд. Дар чандин шумораи моҳи апрели 1941 (№ 76 (7452), № 85 (7461), № 86 (7462) ва моҳи апрели 1957 «Известия» вобаста ба Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав хабару мақолаҳо нашр шуда буданд. Вижагии «Известия»-и шӯравӣ дар он буд, ки маводди иҷлосияҳои Шӯрои Олии ИҶШС ба забонҳои миллии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ ба табъ мерасид. Солҳои 70-80 асри 20 В. Сурков ва В. Карпов хабарнигорони «Известия» дар Тоҷикистон буданд, ки аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҷараёни сохтмонҳои бузурги Тоҷикистон пайваста хабару гузоришҳо таҳия карда, ба чоп медоданд. Аввалин сармуҳаррирони «Известия» Ю. М. Стеклов, И. И. Скворсов-Степанов, М. А. Савелев буданд. «Известия» бештар дар солҳои сармуҳарририи Н. И. Бухарин (1934-37) ва А. Аҷубей (1959-64) маъруф гардида буд. Публитсистони маъруфи шӯравӣ А. Аграновский, А. Бовин, В. Вижутович, В. Гиляровский, С. Кондрашов, Э. Пархомовский, Б. Синявский, Ю. Снегирёв, А. Софронов, Т. Тэсс солҳои гуногун дар «Известия» кору фаъолият доштанд. «Известия» бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1949), Ленин (1967) ва Револютсияи Октябр (1977) қадрдонӣ шудааст.
«Известия» аз августи 1991 ҳамчун нашрияи мустақил ва аз соли 1996 таҳти сарпарастии ширкатҳои саҳомӣ ва тиҷоратии Федератсияи Русия чоп шуда, асосан навидҳои бозаргониву иқтисодӣ, падидаҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар рухдодҳои муҳимми Русия ва ҷаҳонро инъикос мекунад. Замимаҳои «Известия»: «Неделя» (аз соли 1960), «Финансовая Известия» (аз соли 1992), «The New York Times in Известия» (аз соли 2005). «Известия» ҳоло дар шакли чопӣ ва электронӣ низ нашр мегардад. Адади нашраш (соли 2016) беш аз 150 000 нусха буда, дар ҳаҷми 12-48 саҳифаи А2, ҳафтае 5 бор чоп мешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Jump up to: 1.0 1.1 The ISSN portal (ингл.) — Paris: ISSN International Centre, 2005. — ISSN 1563-6313
Адабиёт
вироиш- Известия / Қ. Шарифзода, О. Нозир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.