Изи матритса — ҳосили ҷамъи унсурҳои диагоналии матритса.

Мафҳуми мазкур танҳо барои матритсаҳои квадратӣ (А=│aki│) истифода шуда, ишораташ чунин аст: SpA (олмонӣ Spur –из, пай) ё TrA (анг. Тract – из):

SpA=a11+ a22 +…+ ann , ки ин ҷо a унсури матритса мебошад.

Агар муодилаи тавсифии матритсаи А решаҳо (қиматҳои хосс) -и λ1, λ2 ... λn дошта бошад, он гоҳ: SpA = λ1 + λ2 +, ... + λn мешавад.

Адабиёт

вироиш