Измир (тур. İzmir; инчунин Смирна, юн. Σμύρνη) — шаҳр ва бандар дар қисми ғарбии Туркия, маркази маъмурии вилояти Измир. Дар соҳили халиҷи Измир, баҳри Эгей ҷойгир аст. Аҳолиаш 4,2 млн нафар (2018) (аз ҷиҳати аҳолӣ севвумин шаҳри бузурги Туркия). Шоҳроҳи худравгард, бандаргоҳи баҳрӣ (миқдори боркашониаш дар як сол 11 млн т) ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Маҳалли аҳолинишин
Измир
тур. İzmir
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Cemil Tugay[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис ҳазорсолаи 3 то м.
Масоҳат
Баландии марказ 9 м[3]
Навъи иқлим hot-summer Mediterranean climate[d][4]
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 232
Нишонаи почта 35000–35999
Коди мошин 35
izmir.bel.tr(тур.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қадимтарин номи шаҳр Замурно мебошад, ки ба забони лурӣ мансуб аст (дар ҳазораи 2 то м. ақвоми лур дар ин ҷо мезистанд). Юнониҳо онро Смирно навишта, Замурно мехонданд. Румиҳо Смирна мегуфтанд. Ин вожаро бизониҳо Замирнӣ ва сипас юнониҳо ба Измирнӣ табдил доданд, ки тадриҷан дар забони туркӣ Измир хонда шуд. Шаҳр ба ифтихори маликаи омозунҳо, ки бинои аввали шаҳрро гузоштааст, номгузорӣ шудааст.

Таърих

вироиш

Тибқи маълумоти маъхазҳои бостоншиносӣ дар Измир одамон 3000 сол то м. маскун шудаанд. Бар асари заминларзаи шадид дар асри 12 то м. Измир осеби зиёд дид ва қисме аз мардумаш муҳоҷират карданд. Дар асри 4 то м. дубора дар қисми ҷанубу ғарбии шаҳри куҳна шаҳри нав бунёд гардид, ки он ҳарифи тиҷоратии Эфес ва Пергам буд. Дар замони ҳукмронии Куруши Кабир Измир ба ҳайати империяи Ҳахоманишиҳо даромад. Давраи ҳукмронии форсҳо дар Измир бо ҳуҷуми Искандар ба ин минтақа ба охир расид. Соли 395 ҳангоми тақсими империяи Рум Измир ба ҳайати Руми Шарқӣ дохил шуд. Баробари қабули дини масеҳӣ аз тарафи румиҳо Измир яке аз марказҳои муҳимми масеҳӣ шуд. Дар Византия баробари Константинопол (ҳозира Истанбул) пойтахти дуввум эътироф шуда буд. Ҳангоми ҳукмронии Юстиниан дар Измир маъбади бузурги масеҳӣ дар паҳлуи оромгоҳи Юҳано сохта шуд, ки то ба ҳол ҳар сол дар ин ҷо моҳи сентябр мавлуди Юҳано ҷашн гирифта мешавад. Дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб Измир аз тарафи мусулмонон забт шуда, минбаъд дар асри 11 ба тасарруфи Салҷуқиён даромад ва аз ҳамин давра муҳоҷирати туркҳо ба Измир оғоз шуд. Дар асри 12 Измир аз ҷониби сипоҳиёни салибӣ ишғол гардид. Дар охири асри 13 ва миёнаҳои асри 14 салҷуқиҳо ва генуиҳо барои ба даст овардани Смирна мубориза бурданд. Соли 1389 Смирнаро султони Империяи Усмонӣ Боязиди I забт намуд. Солҳои 1402-03 Темур онро аз дасти усмониҳо гирифт. Соли 1425 Смирна комилан тобеи Империяи Усмонӣ гардида, Измир ном гирифт. Дар асрҳои 17-18 Измир яке аз марказҳои муҳимми иқтисодиву фарҳангии Осиёи Хурд буд. Соли 1866 тавассути р. о. бо Айдин пайваст. Дар замони Ҷанги Юнону Туркия (1919-22) неруҳои юнонӣ Измирро ишғол намуда (15.9.1919), нуқтаи такягоҳии лашкари худро дар Туркия қарор доданд. 9.9.1922 сипоҳиёни Туркия бо сарварии М. К. Отатурк онро озод намуданд. Мувофиқи Созишномаи Туркияву Юнон (1923) қисми зиёди аҳолии юнонии Измир ба Юнон кӯчонда шуд. Шаҳр дар натиҷаи сӯхтори 13-17 сентябри 1922 сахт хароб гардид. Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Измир ба пойгоҳи бузурги ҳарбии баҳрӣ табдил ёфт.

Дар Измир ситоди фармондеҳии неруҳои хушкигарди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (дар қисми ҷанубу шарқии Аврупо) воқеъ аст. Измир ба шаҳри куҳна ва нав ҷудо мешавад. Дар шаҳри куҳна масҷидҳои асримиёнагии туркии Ҳисор-ҷомеъ (1598), Шодирвон-ҷомеъ (1636-37), Хотун-ҷомеъ (1640), Ҳоҷӣ Ҳусайн-ҷомеъ (1652), калисои Поликарпи Муқаддас (1630; соли 1890 бозсозӣ ва соли 1898 васеъ карда шуд) мавҷуданд. Шаҳри нав кӯчаҳои росту фарох ва боғу гулгаштҳо дошта, дар он манораи соатдор (1901), масҷиди Салепчи-ҷомеъ (1906), бинои биржа ва Бонки усмонӣ (1920), меҳмонхонаи «Бюк-Эфес» (1965), муҷассамаи М. К. Отатурк (1933), Донишгоҳи Эгей (1955), Донишгоҳи 9-уми сентябр (1982), Донишкадаи технологӣ (1992), Донишгоҳи иқтисодӣ (2001), Осорхонаи миллии Измир (1912), Осорхонаи бостоншиносӣ (1927) ҷойгиранд. Измир шаҳри бузурги тиҷоративу саноатӣ ва маркази бузурги кишоварзии Туркия (тамоку, пахта, ангур, меваву сабзавот, зайтун, ғалла, рустаниҳои донагӣ) ба ҳисоб меравад. Дар Измир аз соли 1987 минтақаи озоди тиҷоратии Эгей ва аз соли 1997 минтақаи озоди савдои чарми Измир-Менеменск фаъолият мекунанд. Соли 1971 дар Измир Бозиҳои баҳримиёназаминӣ (аз рӯи 17 намуди варзиш) баргузор шуд. Клубҳои футболи машҳураш «Алтай» ва «Гёздепе». Соҳаҳои саноати мошинасозӣ, нафту кимиё, табъу нашр, техникаи электронӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, чарму пойафзор, истеҳсоли тамоку, таҷҳизоти хона (мебел), масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ (маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, нонӣ, моҳӣ) рушд кардаанд. Соли 2004 дар Измир филми ҳунарии «Троя» ба навор гирифта шуд ва аспи бузурги чӯбини барои филм сохташуда («Аспи троянӣ») аз тарафи филмсозон ба шаҳр тақдим шуд, ки ҳоло барои дидани он сайёҳони зиёде меоянд.

Нигористон

вироиш

Донистаниҳои ҷолиб

вироиш
  • Измир (Смирна) — яке аз шаҳрҳоест барои ҳуқуқи гирифтани шаҳр, зодгоҳи Ҳомер [5].
  • Бисёре аз кӯчаҳои Измир ном надоранд ва бо рақамҳо нишон дода шудаанд. Масалан: 3046 Сокак (тур. Sokak Сокак — кӯча).
  • Соли 2014 дар Измир манораи Folkart Towers[en] сохта шуд, ки ба панҷ баландтарин манораҳои дугоник дохил карда шуд[6].

Адабиёт

вироиш