Измор (ар. اضْمار‎ ‒ пинҳон доштан ва нишон надодан, пӯшида сухан гуфтан) — дар истилоҳи арӯз ба ниҳоят расидану сокин гардонидани то-и мутафоъилунро (˅ ˅ — ˅ —) дар баҳри комил гӯянд. Яъне дар ҳиссаи -та дар мутафоъилун (مُتَفاعِلُن) фатҳа меафтад ва он мутфоъилун (مُتْفاعِلُن — — ˅ -) мешавад, ки ба ҷояш мустафъилун ( — — ˅ —) мегузоранд. Мустафъилун дар баҳри Комил бо номи музмар ва дар баҳрҳои Раҷазу Басит ҳамчун рукни солим истеъмол мешавад. Мас.: мутафоъилун / мустафъилун / мутафоъилун/ мафъулун ˅ ˅ — ˅ -/ — — ˅ — / ˅ ˅ — ˅ -/ — — -

Санамо, хаёлатро чӣ шуд, ки ба мо надорад лутфе,
Хиҷилам зи доғат, к-аз вафо ба сарам гузорад лутфе.

Бетоб

Адабиёт

вироиш