Изобарҳо [аз изо... ва βάρος (baros) — вазн] — ҳастаҳои изобарӣ, ҳастаҳо-изобарҳо, ҳастаҳои адади нуклонҳо (адади массавӣ А)-яшон баробар, вале адади протонҳо Z ва нейтронҳояшон N(A=Z+N) гуногун. Ба И.-ҳои Z-яшон гуногун унсурҳои кимиёии гуногун мувофиқат мекунанд (мас., Ar40 — Ca40). И. ҳангоми бета-коҳиши ҳастаҳо ва дигар реаксияҳои ҳастаӣ ташаккул меёбанд. Ҳолати И.-и қиматҳои изоспин, спин ва ҷуфтияти яксон ҳолатҳои шабеҳ мебошанд ва мултиплети изотопиро ташаккул медиҳанд, Ҳолатҳои шабеҳ ҳастаҳои оинавӣ, мас., Li37-B47 мебошанд, ки дублети изотопи (изоспин 1/2).-ро ташкил медиҳанд.

Дар масс-спектрометрия ҳам ҳастаҳои адади массавиашон яксон ва ҳам молекулаҳои массаи молекулавиашон тақр. яксон И. номида мешаванд. Мас., молекулаҳои 16O1H2H (оби нимвазнин) И.-и молекулавии атоми 19F мебошад. Ионҳои чунин молекулаҳо ва атомҳо нисбати қариб яксони масса-заряд (ҳангоми баробар будани заряд) доранд, аз ин рӯ, онҳо дар майдонҳои электромагнитии масс-спектрометр аз рӯи масири тақр. яксон ҳаракат мекунанд ва барои И.-ҳои худ замина мебошанд.

Адабиёт

вироиш