Изокра́тия (аз юн.-қад. ἴσος «баробарӣ» + κρατεῖν «ҳокимият; давлат») — шакли идоракуниест, ки дар он ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқҳои баробари сиёсӣ доранд.

Таърих

вироиш

Мафҳуми изократияро бори аввал С. Смит (1845) истифода кардааст. Ӯ норозигии худро ба ғояи баробарӣ барои тамоми табақаҳои ҷомеа баён карда, таъкид менамуд, ки ҷавонон набояд дар як сатҳ бо калонсолон соҳиби ҳокимият бошанд. Ӯ изократҳоро ҷонибдори ҳуқуқҳои интихоботию сиёсии занҳо медонист, ки дар он замон мавқеи ифротгароӣ дониста мешуд. Мафҳуми изократияро дар сатҳи такшилоти сиёсӣ Г. Аллен дар раванди ташкили Ҳизби мустақили коргарӣ, ки ҷонибдори баробарии шаҳрвандон буд, истифода кардааст.

Тавассути изократия меъёри ҳуқуқии изономия (аз баробарӣ дар назди қонун, то баробарӣ дар раванди идоракунӣ) дар низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Амали мазкур дар заминаи назарияи ҳуқуқҳои либералӣ дар шакли демократии идоракунӣ воқеӣ мешавад. Изократия ба ноустувории афкори ҷамъиятӣ, дунявият ва шаклҳои идории ҷумҳурӣ вобаста набуда, ба табъизи нажодӣ, ҷинсӣ ва ғ. иҷозат намедиҳад. Махсусияти изократия ҳамчун ҳаракати сиёсӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҳуқуқи моликиятро эътироф мекунад ва захираҳои табииро ҳамчун манбаи даромади ҷамъиятӣ медонад. изократия федерализмро ҷонибдорӣ карда, артиш ва пулисро аслиҳаи синфҳои ҳукмрон меҳисобад. Дар изократия тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа ва хадамоти садамавӣ метавонанд аз ҷониби дружинаҳои гуногуни халқӣ (милитсия) таъмин гарданд. Изократҳо изҳор менамоянд, ки онҳо унсурҳои беҳтарини либералӣ, сотсиалистӣ ва афкори анархистиро дар фаъолияти худ таҷассум намудаанд: «Мо ба неруи халқ ва ҳокимияти он бовар дорем; ҳокимияти одамон ба воситаи одамон ва барои одамон аст. Баробарӣ маънои таҳтуллафзии калимаи „изократия“ аст». Муҳаққиқи юнонӣ Крис Неофиту назарияи консервативии изократияро пешниҳод кардааст, ки тибқи он демократияи либералӣ тавассути овоздиҳии электронӣ васеъ мегардад.

Адабиёт

вироиш
  • Сидней Смит. Письма из Америкизократия USA, 1845;
  • Грант Аллен. Изократическая партия. Часть 1. London, 1894;
  • Isokratia. USA, 2006.
  • Зокиров Г. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ. 1. Д., 2015.

Сарчашма

вироиш