Изола
Изола, Изолат (ар. ازالة — зоилгардонӣ, маҳв кардан) — дар илми арӯз дар ватади маҷмӯи рукнҳои мустафъилун ( — — ˅ —), фоилун (- ˅ —), мутафоилун (˅˅ — ˅ -) илова намудани як ҳарфи сокинро гӯянд. Дар ин амал садоноки кӯтоҳи «у» ба садоноки дарози «о» табдил ёфта, зиҳофҳои мустафъилон (- — ˅ ~), фоилон (- ˅ ~) ва мутафоилон (˅˅ — ˅ ~) ҳосил мешаванд. Изола дар баҳрҳои Раҷаз, Мутадорик ва Комил ба кор бурда мешавад. Мас.: Раҷази мусаммани музол:
Кишти нахустинро, дуруд,
Яшти нахустинро суруд,
Дар васфи Митро — меҳри пок
Қонуни аввалро навишт.
мустафъилун / мустафъилон
мустафъилун / мустафъилон
– – ˅ – / – – ˅ ~ / – – ˅ – / – – ˅ ~
Мутадорики мусаммани музол:
фоилун / фоилун / фоилун / фоилон
– ˅ – / – ˅ – / – ˅ – / – ˅ ~
Баъди чанде ба ғам мубтало шайху шоб,
Шайх дар таҳлука шоб дар печу тоб
Комили мусаддаси музол:
мутафоилун / мутафоилун/ мутафоилон
˅ ˅ — ˅ -/ ˅ ˅ — ˅ -/ ˅ ˅ — ˅ ~
Манам он, ки гулшани ишқро чаманам бубин,
Гузаре куну гулу савсану суманам бубин
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Изола / К. Остонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.