Изомеризатсия
Изомеризатсия — ба изомери худ табдил ёфтани пайвасти кимиёӣ. Ҳангоми изомеризатсия тағйир ёфтани сохтори занҷири карбонии молекула, мавқеи бандҳои дучанда, табиати гурӯҳҳои функсионалӣ ё мавқеи онҳо дар молекула, конфигуратсияи геометрии пайвасти комплексӣ ва ғайра имкон дорад. Масалан, карбоҳидридҳои ҳадноки сохташон муқаррарӣ зери таъсири хлориди алюминний (AlCl3) ба изокарбоҳидридҳо табдил меёбанд (мас., бутан ба изобутан):CH3 — CH2 — CH2 — CH3 → (CH3)2CH — CH3
Чунин табодулот ҳангоми коркарди нафт (равандҳои крекинг, пиролиз, риформинг) ба амал омада, боиси ҳосил шудани бензини адади октаниаш баланд мегарданд. Дар натиҷаи изомеризатсияи сиклогексаноноксим таҳти таъсири асидҳо капролактам (аз он нахи синтезӣ — капрон истеҳсол мекунанд) ҳосил мешавад. Табодули оксиди этилен ба алдегиди атсетат, изомеризатсияи о- ва м-ксилол ба n-ксилол, ки ба асиди терефталат оксид мешаванд, ҳамчунин табодули ҳидробензол ба бензидин ва ғ. низ аз равандҳои муҳим мебошанд. Мафҳуми изомеризатсия табодули мутақобили изомерҳои геометрӣ [мас., асидҳои малеинат (I) ва фумарат (II)], ремитизатсияи моддаҳои фаъоли оптикӣ ва ғ-ро низ дар бар мегирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Изомеризатсия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.