Изонитрилҳо, (изосианидҳо, карбиламинҳо) — пайвастҳои органикии формулаи умумиашон (R — радикали органикӣ).

Тавсиф

вироиш

Изонитрилҳо моддаҳои моеъ ё сахт буда, бӯи беҳад нохуш доранд. Дар спирт ва эфир ҳал шуда, дар об ҳал намешаванд. Изонитрилҳо ба таъсири ишқорҳо устувор буда, бар асари асидҳои обдор то аминҳои якумин ва асиди мӯрча ҳидролиз мешаванд. Зери таъсири оксиди симоб (II) то изотсианатҳо оксид, бар асари ҳидроген ва ҳузури катализаторҳо то аминҳои дуввумин барқарор гашта, ҳангоми гарм кардан ба изомери нитрилҳо табдил меёбанд. Изонитрилҳоро аз рӯи реаксияи Гофман (бо роҳи аксуттаъсири хлороформ ва амини якумин бо маҳлули спиртии ишқор), ҳамчунин деҳидрататсияи моноалкиламидҳои асиди мӯрча бо ҳузури   ё аксуттаъсири алкилоидидҳо бо сианиди нуқра, симоб ё сурб ҳосил мекунанд. Изонитрилҳо барои синтези пайвастҳои нитрогендори гуногун (амидҳо, нитрилҳо, аминоасидҳо, пайвастҳои ҳетеросиклӣ, пептидҳо ва ғайра) истифода мешаванд. Изонитрилҳо заҳрноканд.

Адабиёт

вироиш