Изопрениҳо — синфи калони пайвастҳои табиӣ, ки дар андомгон аз асиди мевалонат ҳосил мешаванд.

Асиди мевалонат дар микросомаҳои ҳуҷайраҳо ба «ҷузъҳои панҷкарбона»-и сохторашон шабеҳ ба изопрен табдил меёбад. Синтези биологии изопрениҳо раванди пайвастшавии мураттаб (конденсатсия)-и ин гуна воҳидҳои панҷкарбона дар занҷири дарозиаш гуногун мебошад. Дучандшавӣ, занҷирнокӣ, оксидшавӣ, барқароршавӣ ва гурӯҳбандии чунин занҷирҳо боиси гуногунии сохтори изопрениҳо мегардад. Ба изопрениҳо стеринҳо, терпенҳо, стероидҳо, каратоноидҳо, ксантофилҳо, ҳамчунин полиизопреноиҳо — каучуки табиӣ ва гуттаперча мансубанд. Баъзе изопрениҳо аҳаммияти зиёди биологӣ доранд, масалан ҳормонҳои ҳайвонот, рустанӣ ва мавҷудоти дараҷаи паст, баъзе витаминҳо, антибиотикҳо, аттарактанҳо ва ғайра.

Адабиёт

вироиш