Изора, тагқатор — ҷузви ҳунари меъморӣ.

Изораҳои девори Масҷиди Шоҳи Исфаҳон

Дар сохтани иморатҳо деворро ба се қисм ҷудо мекунанд: тагқатор, миёнақатор ва болоқатор. Қисми поинии деворро, маъмулан, изора ё тагқатор меноманд.

Тавсиф

вироиш

Дар санъати меъмории тоҷик изора аз қадим маъмул буда, зимни нақши гиреҳ ва анвои он офарида мешуд. Масҷиду мадрасаҳои асрҳои 14-18 аксаран бо изораи кошикорӣ, ки ба нақши гиреҳи шаши кунд асос меёфт, оро дода шудаанд. Изора ба замми вазифаи ороиш девори иморатро аз заҳу намӣ ва дигар осебҳои табиӣ эмин медошт. Дар масҷиду мадраса ва хонаҳои иқоматии асрҳои 19-20 низ ин анъана идома ёфта, ба ҷои кошӣ гаҷро истифода мебурданд. Изора бештар дар меҳмонхонаҳо, ки бо наққошӣ, гачкорӣ ва наҷҷорӣ ороишу пардоз меёфтанд, ба назар мерасад. Баъзан ба рӯи гач нақши ранга кашида, онро сайқал медоданд. Маъмулан, дар ороиши изора истифодаи нусхаҳои гуногуни гиреҳ хос буд. Изора ҳоло ҳам дар хонаҳои иқоматии деҳот вомехӯрад. Баъзан изораро тахтабандӣ ё бо матоъҳои гулдор рӯйпӯш мекунанд, ки он барои такя кардан мувофиқ буда, ба хона ҳусни иловагӣ мебахшад.

Изораро дар меъмории иншооти бузурги муосири Тоҷикистон низ васеъ истифода мебаранд. Масалан, девори баъзе толорҳои «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо изора оро дода шудааст.

Адабиёт

вироиш