Икром Тухтасунов (1921, шаҳри Конибодом — 1997) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (1957), дотсент (1960), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Икром Тухтасунов

Зиндагинома

вироиш

Соли 1937 факултети коргарии шаҳри Ленинободро хатм намуда, солҳои 1937—1941 дар факултети физикаю математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1941—1943 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошт. Солҳои 1943—1950 муаллими физика ва математикаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом, 1950—1955 ходими калони илмии Институти сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1955—1960 мудири кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1960—1962 дотсенти кафедраи физикаи Донишкадаи «Лесотехник»-и шаҳраки Мытищи вилояти Москва, 1962—1982 мудири кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1982—1991 дотсенти кафедраи номбурда, 1991—1997 дотсенти кафедраи физикаи эксперементалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Ҳамзамон, солҳои 1976—1982 ташкилкунанда ва роҳбари илмии корҳои илмӣ-тадқиқотии хоҷагӣ-шартномавӣ бо муассисаҳои илмии шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Душанбе буд. Дар соҳаҳои физикаи кристаллҳо ва сегнетоэлектрикҳо корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 27 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ мебошад, ки дар нашрияҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нашр шудаанд. Бо медали «60-солагии Артиши Шӯравӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1971) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

  • Хусусиятҳои физикии кристаллҳо, Д., 1979.

Пайвандҳо

вироиш