Иля Николаевич Березин (31 июли 1818, Перм — 3 апрели 1896, Петербург) — шарқшинос, муаррих, донишноманигори рус.

Иля Березин
Таърихи таваллуд 20 июл (1 август) 1818[1][2] ё 19 (31) июл 1818[3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 март (3 апрел) 1896[3] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order of Saint Anna, 1st class Order of Saint Stanislaus, 1st class Order of St. Vladimir, 3rd class Order of Saint Anna, 2nd class Order of Saint Stanislaus, 2nd class
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Қазон (1837). Пас аз хатми донишгоҳи мазкур ба ҳайси устоди забони туркӣ дар ҳамон ҷо кор мекард (профессор аз соли 1846). Соли 1855 барои тадриси забонҳои шарқӣ ба Донишгоҳи Санкт-Петербург гузаронида шуд. Дар ин ҷо Б. тадриси забонҳои туркӣ ва форсиро идома дод (профессор аз соли 1855). Солҳои 1842-45 ба Доғистон, Қафқоз, Туркия, Эрон, Сурия сафар кард. Дар сафар ӯ ба омӯзиши забонҳо, гӯишҳо, урфу одати кишварҳои номбаршуда машғул шудааст. Китобҳои нодир ҷамъ меовард, тарҳу нақшаи шаҳрҳои дидаашро мекашид (нақшаи шаҳри Теҳронро соли 1852 таҳия кард). Аз натоиҷи сафараш дар китоби «Мусофират дар Машриқзамин» (2 ҷ., 1850-52) иттилоъ додааст. Дар ин китоб ба ғайр аз қайду ишораҳои марбут ба сафар, тарҷумаи баъзе китобҳои дастнавис, рӯйбардори катибаҳои рӯйи дарвозаҳо, деворҳои кохҳо, масҷидҳои шаҳрҳои Теҳрону Табрез ва диг. минтақаҳо ҷой гирифтаанд. Яке аз самтҳои фаъолияти Б. чун таърихнигор омӯзиши ҷараёни лашкаркашии муғулҳо ба Россия ва диг. кишварҳои Аврупо мебошад. Дар иртибот ба ин мавзӯъ вай «Ҷомеъ-ут-таворих» ё «Таърихи Рашидӣ»-и Хоҷа Рашидуддини Фазлуллоҳро омӯхт ва онро дар тарҷума ба забони русӣ дар 7 ҷ. ба табъ расонд (1858-88). Таълифоту тарҷумаҳои дигари Б. дар ин боб тарҷумаи «Таърихи гузида» — «Нусратнома» дар бораи Муҳаммад Шайбонихон ва ӯзбекҳои бодиянишин, китоби «Китобхонаи муаррихони Шарқ» (Қазон, 1849-54) ва ғ. мебошанд.

Ҳангоми мусофират аз гӯишҳои гелонӣ, тотӣ, толишӣ, мозандаронӣ, курдӣ, «габрӣ» (зардуштиёни Эрон) мавод ҷамъ оварда буд ва ин гӯишҳоро ба донишҷӯёни Донишгоҳи Санкт-Петербург меомӯзонид. Б. дар Россия аввалин дастури забони форсӣ — «Грамматикаи забони форсӣ»-ро тартиб додааст (Қазон, 1853). Ӯ дар бахшҳои шарқӣ ва сиккашиносии «Луғати энсиклопедии рус» (ҷ-ҳои 1-16; 1872-79) кор карда, доир ба таърих, забонҳо, адабиёти Шарқ (аз ҷумла Эрон) мақолаҳо ба табъ расондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Мақолаҳои В. В. Бартолд, А. Н. Самойлович, С. Олденбург дар Записки Коллегии востоковедов при Азиатском музее АН СССР. Т. 1.1925, т. 2. Выпуск 1; 1926.