Иля Глазунов
Иля Глазунов (русӣ: Илья́ Серге́евич Глазуно́в; 10 июн 1930[1][2][3][…], Санкт-Петербург — 9 июл 2017[2][1][4], Маскав) — мусаввир ва графики рус, академики АР Федератсияи Русия (2000). Рассоми халқии ИҶШС (1980).
русӣ: Илья Сергеевич Глазунов | |
Таърихи таваллуд | 10 июн 1930[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 9 июл 2017[2][1][4] (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра ва наққошии таърихӣ[d] |
Сайт | glazunov.ru(англ.)(рус.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишРектори Академияи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Русия (аз соли 1987), дар Институти давлатии рассомии Маскав ба номи В. Суриков (аз соли 1978) дарс медиҳад; узви ифтихории Академияи рассомии Салтанатии Мадрид ва Барселона (1979). Дар Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И. Е. Репини АР ИҶШС, дар назди Б. В. Иогансон (1951-57) таҳсил кардааст. Иля Глазунов дар намуду жанрҳои гуногун: чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ, графика, мусаввараҳои таърихӣ, саҳнаороӣ, намоя асарҳо офаридааст. Қариб тамоми осори офаридаи ӯ аз 4 силсила иборат аст. Иля Глазунов аз миёнаи солҳои 1950 ба мавзӯи «шаҳр» рӯ меорад. Наққошиву мусаввараҳои ин силсила рӯзгори ҳамзамононро инъикос мекунанд, аз ҷумла хусусияти ҳасбиҳолӣ доранд («Баҳори Ленинград», 1955; «Шаҳр», «Тасвири ҳамсар», 1955 ва ғ.). Силсилаи дигар — «Таърихи Русия» ба дарки бадеиву фалсафии таърихи Рус бахшида шудааст («Майдони Куликово», 1961-80; «Андрей Рублёв», 1964 ва ғ.). Ниҳояти ин силсила мусаввара — намояҳои бисёршакл мебошанд, ки таърихи на танҳо Русия, балки ҷаҳонро низ фаро гирифтаанд («Мистерияи асри XX», 1977-99; «Русияи ҷовидон», 1988; «Бедор шав, Русия», 1994). Силсилаи дигарро тасвирҳо (портретҳо)-и сершумор ташкил медиҳанд. Давраи муҳим дар эҷодиёти рассом ороиши асарҳои бадеӣ мебошад. Ин силсила корҳои Иля Глазунов-ро дар мавзӯъҳои романҳои Ф. М. Достоевский (аз соли 1956), Н. С. Лесков (1972) ва дигарон дар бар мегирад. Иля Глазунов ҳамчун публитсисти график (сиёҳқаламӣ) низ маъруф аст (силсилаҳои «Ветнам», 1967; «Чили», 1969 ва 1973; «Никарагуа», 1983-84). Ӯ яке аз ташкилкунандагони Ҷамъияти умумироссиягии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ (1967) мебошад. Соли 1997 барои таъмири Кремли Маскав бо Мукофоти давлатии Федератсияи Русия қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Дорога к тебе: из записок художника // Молодая гвардия. 1965. № 10-12. 1966. № 2-3;
- Россия распятая. — М.: Роман-газета ,1996 г.; 496 страниц; ISBN 5-88155-540-6
- Россия распятая. — М.: Агентство КРПА Олимп; 2006 г.;792 страниц Издание 2-е, доп., ISBN 5-7164-0538-X
- Россия распятая. В 2 т., в 4 кн. — М.: Голос-Пресс, 2008. — ISBN 978-5-7117-0052-4.
- Россия распятая. — 3-е изд. дополн.: АСТ, 2017. — 1104 с. илл. фото. репродукц. — 2000 экз. ISBN 978-5-7117-0052-4 (Большая биография)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 Malakhov N. Y. Glazunov, Il’ya (ингл.) // Grove Art Online / J. Turner — [Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 2017. — doi:10.1093/GAO/9781884446054.ARTICLE.T032838
- ↑ 4.0 4.1 Munzinger Personen (нем.)
Сарчашма
вироиш- Глазунов Иля Сергеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.