Иля́ Алекса́ндрович Го́лосов (19 [31] июл 1883[1], Маскав[2]29 январ 1945[2][3][1], Маскав[2]) — меъмори шӯравӣ ва рус.

Иля Голосов
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 19 (31) июл 1883[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 январ 1945(1945-01-29)[2][3][1] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

Зиндагинома вироиш

Дар Омӯзишгоҳи саноати бадеии Строганов (1896—1907), Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (1907-12) ва Академияи санъати Петербург (1912-15) таҳсил намудааст. Аввалин лоиҳаҳои тоинқилобии ӯ бо гуногуншаклии сабк фарқ мекарданд; солҳои 1920 ӯ яке аз меъморони бесобиқаи сабки авангардии рус, пешоҳанги романтизми рамзӣ гардид. Лоиҳаҳои дар ин солҳо офаридааш хеле чашмрас ва муназзам мебошанд (Маркази радио, 1921; Гӯшаи Шарқи Дур дар намоишгоҳи умумируссиягии хоҷагии қишлоқ, 1923; Қасри меҳнат, 1923 ва ғ.). Клуби ба номи Зуев (1928, Маскав), Қасри Шӯроҳо дар Хабаровск (1928-32), маҷмааи хонаҳои иқоматӣ дар шаҳраки коргарнишини Иваново-Вознесенк (1930-32) аз ҷумлаи лоиҳаҳои нисбатан бузурги ӯ мебошанд. Солҳои 30 асри 20 дубора ба шаклу намуди классикии биносозӣ рӯ овард, вале дар иншооти баъдинаи ба сабки неокласситсизм сохтааш нишонаҳои сабки авангардӣ ба назар мерасанд: Қасри Китоб (1935), Мактаби олии Иттифоқҳои касаба (1938), бинои иқоматӣ дар кӯчабоғи Покровскийи Маскав (1936-41) ва ғ.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Голосов Илья Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. 3.0 3.1 Sarabianov A. D. Encyclopædia Britannica (ингл.)

Сарчашма вироиш