Имодии Ғазнавӣ
Амир Имодии Шаҳриёрӣ, Имодии Ғазнавӣ (форсӣ: عمادی غزنوی; Шаҳриёр, Устони Теҳрон — 1186) — шоир ва мадҳиясарои форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1186 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар Шаҳриёри Рай таваллуд шуда, бо Сапой ва Адиб Санои Тирмизӣ муосир будааст, ӯ дар Рай, Разна, Мозандарон ва Ироқи Аҷам умр ба cap бурдааст[1].
Шамси Қайси Розӣ дар «ал-Муъҷам» ашъори ӯро ҳамчун шавоҳид ба кор бурдааст. Дар баъзе маъхазҳо ӯро аз н. Шаҳрёри Рай гуфтаанд. Аз мамдӯҳони Имодуддавла Фаромурз ‒ ҳокими Мозандарон буд. «Имодӣ» тахаллус карданаш низ ба ҳамин сабаб аст. Имодии Ғазнавӣ пас аз даргузашти Имодуддавла Фаромурз ба Балх рафта, муддате дар Ғазнӣ низ иқомат доштааст. Аз ҳаким Саноӣ тасаввуфро омӯхта, баъдан ба Ироқ кӯчид. Дар дарбори салҷуқиён зиста, Туғрал ибни Маликшоҳ (ҳукмронӣ 1130-35) ва дигар бузургони салҷуқияро мадҳ гуфтааст. Имодии Ғазнавӣ маликшуарои дарбори салҷуқӣ таъйин гардида, ба куняи «Султонӣ» низ машҳур шуд. Ашрофи Ғазнавӣ ва Анварӣ дар ашъорашон аз ӯ ба некӣ ёд кардаанд. Тибқи маълумоти тазкираҳо, ҷунгҳои хаттӣ ва дигар сарчашмаҳои адабӣ аз ӯ тақр. 2500 байт боқӣ мондааст. Имодии Ғазнавӣ аслан шоири қасидасаро буда, дар ашъораш аз истиораву кинояҳои зариф моҳирона истифода шудааст. Дар қасидасароӣ пайрави Хоқонию Анварӣ буд. Дар ашъораш зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббати инсониро тавсиф ва зимомдорони золимро мазаммат кардааст. Девони Имодии Ғазнавӣ бо кӯшиши Забеҳуллоҳи Ҳабибнажод соли 2002 дар Теҳрон ба табъ расидааст. Нусхаи дигари девони дастнависаш дар Осорхонаи ш. Истанбул нигаҳдорӣ мешавад. Ғазалу таронаҳояш содаву равонанд.
Абёти зер аз ӯст:
Тариқи хоси ман аст ину ҷуз ман андар шеър
Набурд пайки суханро касе бад-ин ҳанҷор.
Тароватест маро дар сухан, ки касро нест,
Худойгони ҷаҳон нек донад ин асрор.
Эзоҳ
вироиш- ↑ عمادی غزنوی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 5 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Имодии Ғазнавӣ / Ф. Маҳмадуллоев // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.