Имом
Имом (ар. إمام - пешдаро) — пешдаро дар намози ҷамоат.
Пешдаро дар намоз
вироишИмоми ҷумъа ва ҷамоат касест, ки дигарон дар намозҳои ҷамоат, бахусус дар намози ҷумъа бар ӯ иқтидо мекунанд. Дар имом чаҳор чиз ба эътибор гирифта мешавад:[1]
- аз дигарон олимтар бошад
- қироатро хубтар донад
- парҳезгортар бошад
- ба синни балоғат расида бошад
Имомии фосиқ, валадуззино ва занҳо дар ҷамоати занон макрӯҳ аст. Касе, ки истода намоз мехонад, наметавонад ба касе, ки нишаста намоз мехонад, иқтидо кунад. Касоне, ки аз паси имом нияти намоз мекунанд, бояд ба имом дар нияти худ иқтидо кунанд.
Имом дар мазҳаби аҳли суннат
вироишИмом дар мазҳаби шиа
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик, Ҷилди 1. А-М – Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, - саҳ. 650 // У. Камолов.