Иморати Ғарнота (ар. إمارة غرﻧﺎﻃﺔ), Иморати Гранада — охирин пойгоҳи сиёсии мусулмонон дар Испониё (1230—1492).
Иморат дар заминаи таназзули хилофати Кордова ва авҷи ҳаракати Реконкиста (бозпасгирӣ) ташкил ёфта, асосгузораш Муҳаммад ибни Юсуф аз сулолаи Ҳамариён ё Насриён буд. Иморат дар қисмати ғарбии Андалус ташкил ёфта, сарҳаддаш аз дарёи Гвадалквивир дар ҷануб то баҳри Миёназамин ва гулугоҳи Гибралтар, дар шимол то Ҷайён (Ҷаён), Қуртуба, Кастилия, дар шарқ то Мурсия ва дар ғарб то Кардиз тӯл мекашид. Ду омил, яке аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ дар мавзеи доманкӯҳ қарор доштан ва дигаре кашмакаши сиёсии давлатҳои хурди ҳамҷавор имкон доданд, ки аморат муддати тӯлонӣ мавҷудияташро дар баробари давлатҳои масеҳии Испониё нигаҳ дорад. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммади II (1273—1302) низоми идории аморат ташаккул ёфта, девонҳо таъсис дода шуданд. Сардори ҳокимияти иҷроия — вазир аз ҷониби амир таъйин шуда, дар ихтиёраш дабирони зиёд дошт. Вазифаи таъмини амният ба уҳдаи муҳтасиби девони шурта буд. Масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Ғарнота бар асоси фиқҳи мазҳаби Моликия ҳал шуда, сардори қозиҳо унвони қозиюлҷамоа дошт. Пойтахти иморат шаҳри Ғарнота дар иҳотаи ҳисори баланде қарор дошт, ки дорои 130 бурҷ буд. Дар Ғарнота боғдорӣ ривоҷ ёфта, кишвар аз маъданҳои тило, нуқра, филиз ва сурб ғанӣ буд. Ғарнота бо давлатҳои мусулмонии Африқо муносибатҳои тиҷоратӣ дошта, дар ҷангҳои зидди давлатҳои масеҳӣ аз ҷониби сулолаи Мариниёни Марокаш (1269—1465) пуштибонӣ меёфт. Амирони Ғарнота мувофиқи шартномаи соли 1245 ҳамчун васал ба Кастилия солона боҷу хироҷ супорида (дар ибтидо 50 ҳазор сиккаи тило), дар ҷанги рақибон ба шоҳ ёрӣ медоданд ва дар ҷаласаҳои машваратии кортесҳо ширкат мекарданд. Бо авҷи ҳаракати Реконкиста қисми зиёди мусулмонон аз шаҳрҳои зертобеи масеҳиён ба ҳудуди Ғарнота кӯчида, дар солҳои охири мавҷудияташ аморат тақр. 5-6 млн аҳолӣ дошт. Бо авҷи ҷангҳои сулолавӣ дар Ғарнота ва пурзуршавии мавқеи давлатҳои масеҳӣ дар нимҷазираи Пириней ҳудуди аморат аз ҷониби шоҳии Кастилияю Арагон ишғол гардид (1492). Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Ғарнота намунаҳои зиёди биноҳои меъмории замони ҳукмронии Ҳамариён аз ҷумла қароргоҳи амирон — кохи ал-Ҳамро боқӣ мондааст. Кохи ал-Ҳамрои Ғарнота аз се бахш — боргоҳ, шабистон ва ҳарамсаро иборат буда, аз соли 1984 ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.