Радиои «Имрӯз»
(Тағйири масир аз Имрӯз (радио))
Радиои «Имрӯз» — як истгоҳи родиюии мустақил дар Тоҷикистон. Муассис — ширкати «Ориёно Медиа».
Шаҳр | Душанбе |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Шиор | Имрӯз, бехабар намон! |
Формат | иттилоотӣ, мусиқӣ |
Басомад | 107.4 FM |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Минтақаи пахш | Тоҷикистон |
Забон | форсии тоҷикӣ |
Таърихи оғози пахш | августи соли 2007[1] |
Бунёнгузор | ҶММ «Ориёно Медиа» |
Молик | ҶММ «Ориёно Медиа» |
Вебгоҳ | orionomedia.tj/imruz/ |
Таъсис
вироиш«Имрӯз» фаъолияти худро августи соли 2007 оғоз кардааст.
Ҳадаф ва пахш
вироиш«Имруз» радиои мусиқӣ ва хабарӣ буда, пахши барномаҳояш сирф ба забони форсии тоҷикӣ мебошад. Ҳар 15 дақиқа хабар пахш менамояд. Барномаи ахбори «Имрӯз» аз масоили муҳимми ҳаёти Тоҷикистон ва рӯйдодҳои ҷаҳон иборат аст. Дар ҳудуди Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода, Ваҳдат, Кӯлоб, Ҳисор, Ёвон ва дигар навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш мегардад.
Барномаҳо
вироишДар «Имрӯз» таҳти рубрикаҳои «Иқтисод», «Имрӯзи Ислом», «Имрӯзи варзиш», «Илми Имрӯз» ва «Имрӯзи Арт» барномаҳо шунавонида мешавад.
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |