Иномҷон Мамадалиев

Иномҷон Мамадалиев (Мамадалиев Иномҷон Абдусатторович; 12 майи 1969, шаҳраки Бӯстон, ноҳияи Мастчоҳвилояти Суғд) — номзади илмҳои таърих (1998), доктори илмҳои таърих (2013), профессор (2017)

Иномчон Мамадалиев
Мамадалиев Иномҷон Абдусатторович
Таърихи таваллуд 12 май 1969(1969-05-12) (55 сол)
Зодгоҳ шаҳраки Бӯстон,ноҳияи Мастчоҳ,вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърихшинос
Ҷойҳои кор Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои таърих,(2013)
Унвонҳои илмӣ профессор (2017)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1987-1992)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Профессори фахрии Донишгоҳи омӯзгории Қазоқистони Ҷанубӣ. Шимкент, (2012)

Зиндагинома

вироиш

Мамадалиев Иномҷон Абдусатторович 12-уми майи соли 1969 дар шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1976-1986 аввал мактаби 9-и шаҳраки Бӯстон, баъдан мактаби таҳсилоти умумии рақами 10 – уми деҳаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров-ро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шудааст. Соли 1992 факултети таърихро хатм намуда, соҳиби ихтисоси таърихчи, муаллими таърих ва ҷомеашиноси гардида аст. Солҳои 1987-1988 дар сафи Артиши Шӯрави дар Украина (Прик ВО) хидмат намудааст. Соли 1992 фаъолияти кории худро дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷик оғоз кардааст. Аз соли 1998 ба ҳайси номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва аз соли 2015 то кунун мудири ҳамин кафедра мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 1993-1996 дар аспирантураи назди Донишгоҳ таҳсил карда, соли 1998 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Помощь Туркестанской АССР голодающему населению Поволжья» (1921-1923 гг.) ва соли 2013 рисолаи докториро дар мавзӯъи «Присоединение Средней Азии к России и особенности ее административного управления» (вторая половина XIX начало XX вв.) дифоъ намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили Россия ва Осиёи Миёна: хусусиятҳои идоракунии мустамликави дар нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ равона шудааст.

Профессор Мамадалиев Иномҷон муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 6 монография мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

вироиш
  1. Из истории помощи Туркестанской АССР голодающему населению Поволжья (1921-1923 гг.)/ Мамадалиев И. - Хучанд: Р.Чалил, 2003. - 167 с.
  2. Становления колониально - административной системы управления в Средней Азии (вторая половина XIX – начала XX вв./ Мамадалиев И. - Хучанд: ОО «УЦДП», 2011. - 125 с.
  3. Из истории образования колониально-административной системы управления в Средней Азии: вторая половина XIX – начало XX вв / Мамадалиев И.- Хучанд: Нури маърифат, 2011. - 135 с.
  4. Конструкция границы, нации и политического института /Россия и Центральная Азия вторая половина XIX – начало XX вв / Мамадалиев И.-Хучанд: Нури маърифат, 2011. -108 с.
  5. Россия и Средняя Азия: особенности колониально-административной системы управления во второй половине XIX – начало XX века / Мамадалиев И.-Хучанд: Ношир, 2013.- 400 с.
  6. Россия ва Осиёи Миёна: фаҳмиши нави равандҳои таърихи (нимаи дуюми асри Х1Х-солҳои 60-уми асри ХХ / Мамадалиев И.- Хучанд: Нури маърифат, 2018. - 172 с.

Китобҳои дарсӣ

вироиш
  1. Дастур барои курс ва семинарии махсус аз фанни таърихи нави мамлакатҳои Осиё ва Африко/ Мамадалиев И.-Хучанд: Дониш, 2000. - 40 с.
  2. Раҳнамо аз фанни таърихи нави мамлакатҳои Европа ва Америка/ Мамадалиев И.-Хуҷанд: 2016. -87 с.
  3. Личность и общество / Мамадалиев И.- Душанбе: 2006. -86 с.
  4. Таърихи нави мамалакатҳои хориҷа/ Мамадалиев И.- Хучанд: 2010. -26 с.

Пайвандҳо

вироиш