Иноятхон Росих (Иноятхон Росих ибни Шамсудавла Лутфуллохон Содиқи Баҳодур Тҳурҷанг, с.тав. 1736 Патна, Ҳиндустон, с.ваф. 1798 Патна), навозанда, сароянда мусиқидон, шоир. Шеъру мусиқӣ, улуми инсонӣ, хаттотӣ ва ғ. ро аз падараш омӯхт. Авлоди Иноятхон Росих баъди забти муғул Ҳиротро таркнамуда, рӯ ба Ҳиндустон ниҳоданд. Бобою падари ӯ донишманд, фарҳангӣ буданд. Иноятхон Росих дар ҷавонӣ мусиқиро (мусиқии ҳиндӣ, «Сангит» – мусиқии классики ҳинд) фаро гирифт. Ӯ бештар дар назарияи мусиқӣ донишашро такмил дода, осори мусиқидонони аҷамиро (форсу тоҷик) ва ҳиндиро омӯхт. Махсусан, муҳимтарин таълифоти мусиқии ҳиндӣ «Рогмала» («Дар бораи рогҳо»), «Рог дарпан» («Оинаи рогҳо»), «Парҷатак» («Дарахти биҳишт») ва ғ.-ро ҷиддан омӯхт. Бародаронаш: Ҳидоятхон, Фохирхон, Шокирхон, Муҳаммад Иброҳим, Носириддинхон ҳама дар шеъру мусиқӣ, таъриху фалсафа, ҳунарҳои бадеӣ дониш ва малакаи баланди эҷодӣ доштанд. Иноятхон Росих дар иртибот ба мусиқии Аҷаму Ҳинд дониш андӯхта, дар ин замина бо устодони созу овоз ҳамкорӣ дошт. Самараи ҷустуҷӯҳояшро дар асарҳояш «Рисолаи зикри муғанниёни Ҳиндустон», «Иноятнома» (тазкираи адаби буда, тавзеҳоти муҳим дар бораи бузургтарин суханварони форсӣ-тоҷикӣ ва осорашон гирдоварӣ шуда, с.таъ. 1874), «Фолҳои Ҳофизи Шерозӣ», ва ғ. Ба риштаи таҳрир овардааст. Асари дар мусиқӣ нигоштаи Иноятхон Росих «Рисолаи зикри муғанниёни Ҳиндустон» аз муҳимтарин таълифот дар таърих ва назарияи мусиқии Аҷаму Ҳинд маҳсуб шуда, идомаи мантиқии асари Фақирулло Сайфхон «Рог дарпан», (ниг. «Рисола зикри муғанниёни Ҳиндустон»). Як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки таълифоти мусиқию адабии Иноятхон Росих дар таҳқиқи таърихи афкори мусиқии Аҷаму Ҳинди ас. 18-19, ки тавассути донишномаю фарҳангҳои форсӣ забони ҳинд минбаъд густариш ёфтааст, нақши муассир дорад. Аз ҷумла мусаннифони фарҳангу донишномаҳо, манзумаҳои мусиқӣ «Махзану-л-улум», «Сафинаи коинот», «Фарҳанги Ананд Роҷ», «Ғиёсу-л-луғот» ва ғ. аз таълифоти Иноятхон Росих баҳраи зиёд бардоштаанд.

Иноятхон Росих
Иноятхон Росих
Таърихи таваллуд 1736
Зодгоҳ ш. Патна Ҳиндустон
Таърихи даргузашт 1798 Патна Ҳиндустон
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Адабиёт

вироиш
  • Иноятхон Росих, Рисолаи зикри муғанниёни Ҳиндустон, тасҳеҳу ва муқаддимаи Саид Алии Ҳайдар, Деҳлӣ, 1961;
  • Шуур А. Мероси мусиқии ҳиндӣ ба забони дарӣ, Ванкувер, 2004;
  • Рашид Мулк, Ҳазрат Амир Хусравка Рисолаи мусиқӣ, Исломобод, 1986;
  • Mirza Warid. The life and Works of Amir Khusraw, Calcutta, 1935.
  • Раджабов А. Иноятхон Росих и его трактат о музыке. Очерки истории и теории культуры тадж.
  • народа, Душ., 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 86 ISBN 978-99947-49-13-3