Инсиденталома
Инсиденталома (англ. incident – ногаҳон) — омоси ғадуди болои гурда, ки аломатҳои болинии он падид намеоянд. И. бисёр вақт ҳангоми муоинаи бемориҳои дигар ошкор карда мешавад. Он зуҳуроти хосса надошта бошад ҳам, дар беморон боиси фишорбаландии шараёнӣ мегардад, ки далели муоинаи аниқу дақиқ аст. И.и қутраш то 3 см мавриди назорат қарор дода мешавад. И.и қутраш аз 5 см калонтарро ҷарроҳӣ мекунанд (адреналэктомия).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Инсиденталома // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — С. 230. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.