Инсон
ИНСÓН (ар. انسان аз решаи نِسیان – фаромӯшӣ ва масдари اُنس ва اِنس – ром будан, улфат, унс ва хӯ гирифтан, зидди ваҳшӣ; мардум, мардумаки чашм, одамӣ, башар), дар фалсафа мудрики фаъолияти иҷтимоӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯйи Замин, ки номи илмиаш Homo sapiens (Одами оқил) аст. Моҳияти инсон, пайдоишу таъйинот ва мақоми он дар дунё яке аз масъалаҳои асосии таърихи андешаҳои фалсафӣ ба шумор рафта, мавриди омӯзиши соҳаҳои гуногуни дониш: ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, физиология, педагогика, тиб ва ғ. қарор дорад. Фалсафа маълумоти гуногуни илмҳои мазкурро баррасӣ карда, ба онҳо шарҳу тавзеҳ ва мазмуни муайян мебахшад. Таълимоти мактабу равияҳои мухталифи фалсафии Эрон, Ҳинд, Чин ва Юнони Бостон инсонро офарида аз нури азалӣ ва хок (Авесто), ҳамчун «олами сағир» (Суқрот), як бахши муҳимтарини Кайҳон, инъикосгар ва рамзи «олами кабир» тавсиф кардаанд, ки дар худ ҳамаи унсурҳо (об, оташ, хок ва ҳаво)-и Кайҳонро ҷой додааст, аз ду ҷанбаи воқеияти ягонадошта (Арасту) ва ду ҷавҳари гуногунҷинс (Афлотун) – ҷисму рӯҳ иборат аст. Инсон ва моҳияти он нахуст дар динҳои ибтидоӣ ва афкори фалсафии бостон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, инсоншиносӣ пас аз худошиносӣ муҳимтарин мавзӯъ ва масъала ба шумор рафта, аксарияти макотибу равияҳои фалсафию мазҳабии Эрон, Ҳинд, Чин, Миср ва Юнони Бостон, таълимоти масеҳиву ислом, донишмандони асрҳои миёнаву давраи Эҳё ва даврони муосир ба шинохту баррасии инсон пардохтаанд.
Мувофиқи таълимоти динҳои ҷаҳонӣ
вироиш, сабаби офариниши ҷаҳон инсон аст ва фиристодани паёмбарон низ барои ҳидояти ӯ мебошад. Худшиносӣ ва худошиносӣ нахустин гомҳое мебошанд, ки инсон дар роҳи такомули маънавӣ ва саодати худ мебардорад. Ба инсон аз ду дидгоҳ метавон нигарист: яке ин ки инсон кист? Яъне, чӣ сифот ва ангезаҳое дар вуҷуди инсон нуҳуфта аст? инсон дорои чӣ гуна майлу ғаризаҳо ва фитрат аст? Дуввум, ин ки инсон бояд чӣ шавад? Чӣ ҳадаферо бояд дар ҳаёти худ ба назар бигирад, то ҳангоми ҳаракат ба сӯйи ин ҳадаф ба камоли вуҷуди хеш ноил шавад? Адёни ҷаҳон бар асоси нигоҳи муҳаққиқона, ки ба сиришт ва сарнавишти инсон доранд, роҳи рушду инкишофи маънавии ӯро ба ӯ нишон медиҳанд. Огоҳии инсон аз табиати хештан ӯро мутаваҷҷеҳи имконот ва маҳдудиятҳои вуҷудиаш мекунад, то бар ин асос бо роҳи сайру сулуки маънавӣ, ки ҳамон роҳи худшиносию худсозӣ аст, гом бардорад.
Дар Авесто
вироиш, Ведҳо ва Упанишадҳо дар бораи офаринишу сиришти инсон ва мақому нуфузи ӯ дар Коинот афкори гуногуни фалсафӣ сабт шудааст. Бино ба андешаҳои пажӯҳишгарони Эрони Бостон, инсони нахустин Каюмарс (ё Гаюмарт, Гаюмард, Гаюмарс, Гаяҳмартан) буда, маънии «зиндаи миранда»-ро дорад ва шашумин мавҷуд аз офаридагони шашгонаи Аҳура Маздо мебошад, ки дар 70 рӯз сиришта шудааст. Тани инсон аз хок ва ҷони ӯ аз нури азалӣ иборат аст. Дар манбаҳои таърихӣ гоҳе Машя ва Машёнаро қаринаи Одам ва Ҳавво донистаанд ва гоҳе шахсоне чун Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед ва Манучеҳрро нахустинсон пиндоштаанд, аммо инҳо баъдтар мақоми худро аз даст дода, дар миёни қаҳрамонон ва шоҳони асотирӣ ҷой гирифтанд. Чунон ки Каюмарс низ дар таърихи ҳамосии Эрон нахустин шоҳи рӯйи Замин ба шумор мерафт ва баъдтар нақши «нахустинсон» будани ӯ фаромӯш шудааст. Аҳура Маздо инсонро мавҷуди озод офарида, ба ӯ неруи интихоб додааст, то битавонад роҳи зиндагии худро бо иродаи хеш баргузинад ва бо хости худ хушбахтӣ ва акси онро дар зиндагӣ эҳсос кунад. Зардушт офариниши ҷаҳонро беҳадаф ва иттифоқе тасодуфӣ намепиндорад, балки волотарин ҳадафи онро густариши ростӣ ва роҳи дуруст дар зиндагии инсон мепиндорад, чунонки сохтори ҳастӣ аз оғоз то анҷом ба ростӣ бунёд шудааст. Аз замоне, ки инсон бо паёми Зардушт ошно шуд ва талош кард то онро дар зиндагӣ истифода барад, ба ҳувияти тозае даст ёфт ва роҳи пешрафт дар корҳоро ҳадафмандона пеш гирифт. Инсон дарёфт, ки дар офариниш нақши вижаеро бар уҳда дорад ва барои он ки дар ҷойгоҳи арзишманди инсонӣ устувор бошад, бояд ин вижагиҳоро дар худ пӯё бошад ва пойдор созад. Нахустомӯзише, ки Зардушт ба инсон медиҳад, бовар доштан ба якто будани Худост. Инсон бояд Худои ягонаро ҳамчун Донои Бузурги Ҳастибахш ва бо номи Аҳура Маздо ёд кунад, ки некӣ, покӣ, ростӣ ва дод (адолат)-ро дӯст медорад, зеро Худованд аз хиради поку муқаддас баҳра дорад. Дар ин дидгоҳ инсон дӯсту ёвар ва ҳамроҳи Худованд аст. Сиришти инсон бо некӣ ва хубӣ омехта шудааст ва нуре аз анвори аҳуроӣ (илоҳӣ) бо номи Фруҳар ҷонмояи ӯст. Аз ин рӯ, инсон агар аз хиради расо ва поки Аҳура Маздо, ки дар ниҳоди худ дорад, баҳра бигирад, ҳаргиз ба сӯи кажжӣ гироиш нахоҳад дошт. Худованд инсонро дар гузиниши роҳи неку бад озод гузошта ва ихтиёр дода то саргузашти пешрӯи хешро ба некӣ ё кажжӣ фароҳам оварад. Арзишмандтарин бахши зиндагии инсон замонест, ки бо кажандешӣ ва бадиҳо ситеза карда, роҳи дурусти зиндагиро барои хеш мегузинад ва инсонҳое, ки роҳи рост гузиниш мекунанд, шодмониву саодати ҳар ду оламро дармеёбанд. Хушбахтии инсон бо фароҳам овардани шодиву хушбахтӣ барои дигарон фароҳам хоҳад шуд, пас шоду хушнуд кардани дигарон бо роҳнамоӣ ба сӯйи хирадмандӣ аз роҳкориҳои писандидаи зиндагии инсон барои растагории ӯ хоҳад буд. Дар ҷаҳоне, ки бар пояи ростӣ устувор шудааст, инсони доно бо ёрӣ аз хиради расо ва ҳанҷори ростӣ (ашо), ки натиҷаи он пайравӣ аз андешаи пок, гуфтори нек ва кирдори шоиставу нек аст, ба пирӯзӣ хоҳад расид. Анҷоми корҳои нек аз супорришҳои хосси Зардушт ба инсон аст, ки на барои дарёфтани подоши моддӣ ва ё шунидани аҳсант сурат бигирад, балки барои арҷгузории арзишҳои баланди некиву ростӣ бояд иҷро гардад. Озодӣ дар бисёре аз умури зиндагӣ ҳаққи мусаллами инсон мебошад: озодии баён, озодии гузиниши кору макон, озодии интихоби дӯсту ҳамсар ва озод будани инсон дар гузиниши дин ва ғ. Агар гузиниши инсон аз рӯйи хирадмандӣ ва ройзанӣ бо хирадмандони ботаҷриба бошад, гузиниши вай нектар хоҳад буд ва дар он пушаймонӣ рух нахоҳад дод. Тибқи таълимоти Авесто, инсон бо сиришти олуда бо гуноҳ ба дунё наомадааст, ки бояд ранҷу сазои онро бикашад, то зоти хешро пок созад, балки бо кажандешӣ, дурӯғ, гуфтори носазо ва кирдори ношоиста дар зиндагӣ равони худро ба гуноҳ олуда хоҳад кард. Бинобар ин инсон бо худсозӣ ва гузиниши роҳи нек дар зиндагӣ бояд худ ва дигаронро аз палидӣ, нопокӣ ва дурӯғ дар амон дорад ва аз «Ангра майну» (Аҳриман), ки неруи зиштиву кажандешӣ аст, дурӣ гузинад, зеро андешаву пиндори бад сарчашмаи гуфтори озордиҳанда ва рафтори осебрасон мебошад. Пок нигоҳ доштани об, хок, ҳаво, оташ ва умуман муҳит яке аз муҳимтарин корҳо ва вазифаҳои инсон аст, ки барои зиндагии солиму дурусти худи ӯ ҳаётан зарур мебошад. Инсон бояд дар зиндагии худ навгаро ва пӯё бошад ва ба сӯйи тозагию пешрафт ҳаракат кунад, пайваста ҷаҳонро нав ва зиндагиро тоза гардонад ва гомҳое барои расидан ба зиндагии беҳтару созандатар бардорад, ҳарчанд ин гомҳо хурд ҳам бошанд. Зану мард танҳо дар сурати анҷом додани корҳои неку шоиста аз ҳамдигар бартарӣ доранд ва дар иҷрои ин корҳо бояд сабқат варзанд. Барои ҷавонон супориш додааст, ки агар мехоҳанд бо ҳамсарони хеш хушбахт бошанд, бояд дар меҳрварзӣ ва некманишӣ аз якдигар пешӣ бигиранд.
Аз нигоҳи Ведаҳои Ҳинди Бостон
вироиш, Инсон мавҷуди иҷтимоист ва ҳадафи офарида шуданаш хидмат ба ҷомеа ва дастгирии низом ҷаҳонӣ мебошад. Нахустинсон – Пуруша бо Худованд муносибати наздик дошта, олам маҳз барои ӯ офарида шудааст. Иинсон аз ҷисму равон ё рӯҳ, ки сарчашмаи шуур мебошад, иборат аст. Ҷисми инсон чор талабот дорад: хӯрдан, хобидан, ҷимоъ ва дифоъ кардани хеш. Рӯҳ ё ҷони инсон талабгори ҷовидонагӣ, дониши фарогир ва хушбахтӣ аст. Ҳар як инсон вақте ба дунё меояд, барои ӯ аллакай ҳамаи неъматҳои моддию маънавӣ омода шудааст, аз ин рӯ, вай аз панҷ ҷиҳат қарздор аст: нахуст аз волидайни худ барои тарбияву ғамхорияшон; дуввум дар назди ниёгонаш; севум аз нимахудоён, ки низоми Кайҳонро нигоҳ медоранд; чорум аз устодонаш, ки аз онҳо дониш омӯхтааст ва панҷум аз тамоми рустаниву мавҷудоти зинда, ки барои ташаккули баданаш саҳм доранд. Агар инсон ин қарзҳоро адо намояд, ҳамаи қарзҳояшро дар назди Худованд адо кардааст. Тибқи Ведаҳо, оғози инсонро Атман (ҷон, рӯҳ, «худӣ», мудрик) ташкил медиҳад, ки мувофиқи моҳияти ботинии худ ба Худованди Мутлақ ё оғози умумиҳастӣ – Бараҳман шабоҳат дорад ва агар инсон раванди такомули ҷисмониву рӯҳониро пурра тай кунад, метавонад худ бараҳман гардад.
Дар Чини Бостон Инсон мавҷуди иҷтимоӣ ва давлатӣ буда, вазифаҳои муайяни иҷтимоӣ бар уҳда дорад ва онҳоро бояд иҷро кунад. Ҳар як инсон худро бояд бо чор арзиш: «жен» («инсонгарӣ»), «и» («адолат»), «ли» («одоби муошират») ва «чжи» («хирад») ороставу пероста гардонад ва дорои панҷ фазилат бошад: инсондӯстӣ, масъулият, риояи меъёрҳои ахлоқи ҳамида ва садоқат. Аз нигоҳи таълимоти Конфутсий (552–479 то м.) табиату моҳияти инсон ба хайру некӣ дорад ва аз бадӣ нафрат дорад. Ҳар бадие, ки аз инсон сар мезанад, нишонаи тарбияти бадест, ки дар кӯдакӣ фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, ба тарбияи кӯдак (Инсони бузурги оянда) бояд диққату заҳмати тамоми ҷомеа аз хурдсолӣ нигаронида шавад. Ӯ аз ҳар як инсон талаб дорад: «Он чизеро, ки ба худ намеписандӣ, ба дигарон низ маписанд».
Хусусияти умдаи фарҳанги Юнону Руми Бостон Инсоншиносӣ буда, таҷассуми моҳияти тамоми ҳастист, ки бо сурати зебои худ меъёри зебошиносии атиқа қарор гирифтааст. Файласуфи машҳури Афина – Протагор шиори машҳури худро эълон дошта буд: «Инсон маҳаки тамоми чизҳост». Инсон як бахши Кайҳон, «олами сағир» ва таҷассуми «Кайҳони кабир» аст. Барои Суқрот олами ботинии инсон, рӯҳу фазилати ӯ бештар аҳаммият дорад; фазилати инсон дониш буда, барои такомули маънавӣ ба ӯ ёрӣ медиҳад. Аз ин рӯ, Суқрот мегӯяд: «Худро бишинос!». Демокрит инсонро як бахши табиат медонад, ки ҷисму ҷонаш аз атомҳо иборат аст. Афлотун инсонро дорои рӯҳу ҷисм пиндошта, ҷисми ӯро миранда ва рӯҳашро ҷавҳари ҷовид мешуморад, ки инсонро инсон месозад; дар табақабандии рӯҳҳо рӯҳи ҳаким – файласуф дар мақоми аввал ва рӯҳи мустабид (– золим, тиран) дар охир қарор дорад. Арасту инсонро мавҷуди оқили иҷтимоӣ, давлатӣ ва сиёсӣ медонад, ки ин табиати иҷтимоии вай ӯро аз ҳайвон ҷудо кардааст.
Дар масеҳият Инсон офаридаи олӣ ва тимсолу талъати Худо (Инҷил. Ҳаёт, 1, 26, 27) буда, моҳияти илоҳию инсонӣ дар шахсияти Исои Масеҳ бо ҳам тавъам шудааст ва баракату раҳмати Худованд ба ҳар як инсон тааллуқ дорад. Дар ҳар як инсон нуре аз анвори илоҳӣ, рӯҳи ҷовидонаи Худо вуҷуд дошта, ҳаёти заминии ӯ ҳамеша оғӯштаи гуноҳ аст ва нахустгуноҳи Одаму Ҳавворо ҳамеша бо худ дорад. Барои он ки инсон аз нахустгуноҳ ва гуноҳҳои заминиаш пок шавад, бояд дар шинохти Худованд бикӯшад ва амру наҳйи Ӯро чун дастур риоя кунад.
Инсон дар ислом ва ирфон низ мақоми баланд дорад ва ашрафи махлуқот дониста шудааст. Аз нигоҳи Қуръон инсон мавҷудест, ки аз лиҳози зоҳирӣ зеботарин сурат, некутарин андоза, беҳтарин таносуб ва эътидолро дорост. Танҳо инсон аст, ки дорои рӯҳи илоҳӣ ва фитрати худоӣ мебошад. Инсон ашрафи махлуқот шуморида шуда, Худованд пас аз офаридани инсон худро «Аҳсану-л-Холиқин» (Қуръон, 23:14) хондааст. Инсон озод офарида шудааст ва қудрати интихоби роҳи саодату шақоват (бадбахтӣ)-ро дорад. Инсон неруи тавонои илмомӯзӣ дошта, зарфияти илмии ӯ бузургтарин зарфиятест, ки мумкин аст ягон махлуқи табиӣ надошта бошад. Инсон қудрати навиштан, ба забонҳои гуногун сухан гуфтан ва дарёфти матлаб аз тариқи дидану шуниданро дорад. Инсон қувваи андешидану дарки масоили гуногуну навро дорад ва ин тавоноии фаҳму идрок ва таълим сабаби пайдоиши маҷмӯае аз маълумоти ҳиссӣ, хаёлӣ, ақлӣ, таҷрибавӣ ва нақлӣ мешавад. Инсон мавриди такрими хосси Худованд мебошад ва Худованд ӯро бо каромоти зотӣ офаридааст. Инсон бо илҳоми илоҳӣ қудрати тамизи корҳои хубу бадро дорад ва ба ин гуна корҳои ҳидоят низ шудааст. Инсон соҳиби виҷдони ахлоқӣ (нафси лаввома) аст, ки ӯро пеш аз машғул шудан ба амали баду пас аз анҷоми он сарзаниш мекунад. Инсон сарсахтона пайгири манофеи худ аст ва аз дархости он чи хайр мепиндорад, хаста намешавад ва танҳо бо ёди Худо ором мегирад. Инсон халифаи Худо дар замин, саҷдагоҳи малоика ва амонатдори Худованд аст, амонате, ки осмону замин қудрати таҳаммули онро надоранд. Вижагиҳои манфии инсон дар Қуръон он аст, ки мавҷуди заиф бо тавоноиҳои маҳдуд аст, камсабру саросема, бо ранҷу сахтӣ офарида шудааст. Решаи ҷисмонии инсон аз хок, гили бадбӯ ва обе паст офарида шудааст. Ҳар яке ин таъбирҳо ба мақоме хос аз марҳалаҳои офариниши инсон ишора доранд. Инсон гоҳе дар пайравӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ ва суннати хатокории пешиниён корҳояшро аз рӯйи хирадварзӣ анҷом надода, бо инкори оёти илоҳӣ аз ҳақиқат рӯ метобад ва дар натиҷа гирифтори азоби илоҳӣ мешавад. Инсон бо таассуб воқеиятро намепазирад, душмани бузургу ошкор бо номи Шайтон ва нафси васвосгар дорад, бисёр ситамгару ситампеша, зиёнгару нодон аст, орзуҳои дастноёфтанӣ дорад, ошкоро носипосӣ мекунад, муҷодалагар асту бо Худованд ошкоро душманӣ меварзад, бахил асту ба гуноҳкорӣ исрор дорад ва ғ.
Ислом
вироишинсонро мавҷуде дубуъда меҳисобад, ки дар интихоби тақдир иродаи озод дорад ва бо интихоби худ метавонад мақоме болотар аз малак ё зинае пасттарин аз тамоми мавҷудоти ҷаҳон дошта бошад. Дар ин мавзӯъ дар таърихи фалсафаи ислом байни тарафдорони қадария ва ҷабария баҳсҳои доманадоре идома ёфтааст. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «ал-Милал ва-н-ниҳал» овардааст: «Мӯтазилиён бархилофи ашъариён эълон доштаанд, ки инсон худ холиқи хайру шар(р), имону куфр, итоат доштан ба Худо ва беитоатӣ кардан ба Худост».
Дар осори донишмандони форс-тоҷик
вироишинсон мавриди баррасии васеъ қарор гирифтааст. Ибни Сино дар бораи инсон мегӯяд: «Худованди қодири мутаол хосиятҳое аз навъи неъматҳои худ ба бани навъи инсон ихтисос дода ва ба сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни Коинот аз бисёре аз махлуқоташ бартар ва болотар намудааст. Дар асари ин имтиёз ва бартарӣ вуҷуди башар зеботарин ва табиаташ комилтарин табоеъ (табиатҳо) гашта ва таркибаш муътадилтарин таркиб шудааст. Зиндагии одамӣ ба сабаби ин мазоё (афзалият) беҳтарин ва пурнеъматтарин зиндагонӣ гардида ва кӯшиш ва саъйяш дар саҳнаи зиндагӣ бар тибқи ақл ва басират, ки мояи нерумандӣ ва тавоноист, сурат гирифта ва бо одоби ҳасана (неку) ва ахлоқи карима (босаховат) ва малакоти (малакаҳои) фозила, ки мӯъҷиби ҷамол ва зебоӣ ва асбоби зебу зиннати одамист, мувофиқ ва мунтабиқ (мутобиқ) гардидааст» (Осор. Ҷ. 1. Д., 2005, саҳ. 156). Ба андешаи Ибни Сино дар вуҷуди инсон раванди тамоми давраи инкишофи ҳастӣ (маъданҳо, рустаниҳо ва ҳайвонот) мавҷуд аст:
Маодин мағзи аркон асту лекин, Набот он гаҳ бувад мағзи маодин. В-аз ӯ мағзи набот афтода ҳайвон, В-аз он пас мағзи ҳайвон гашт инсон.
Аз нигоҳи Ҷалолуддини Балхӣ
вироишинсон «оинаи ҷамолнамои илоҳӣ», «ба сурат олами асғар» ва «ба маънӣ олами акбар» буда, айни Худо аст:
Онон, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.
Зотеду сифотеду, гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду мубарро зи фаноед.
Инсони давраи Эҳёро ҳаяҷон ва ҷӯшу хурӯши худмухторӣ ва имкониятҳои бемаҳдуди эҷодӣ (Пико делла Мирандола ва дигарон) фаро гирифтааст. Бахусус, мутафаккири олмонӣ Н. Кузанский дар таълимоти хеш инсонро худойгуна – «Инсони Худо» («Humanus Deus») ва «олами сағир» тасвир карда, мавҷуде медонад, ки тамоми Кайҳон ва моҳияти Худо дар вуҷуди вай ғунҷонида шудааст, ашрафи махлуқот аст, рӯҳу ҳиссиёт дорад ва аз фаришта каме поинтар меистад. Ӯ ба маърифати ҳиссиёт аҳаммияти ҷиддӣ дода, чунин мепиндорад, ки дар идрокоти инсон чизе нест, ки пеш аз он дар ҳиссиёти вай вуҷуд надошта бошад. Таълимоти Р. Декарт дар бораи тафаккур ҳамчун ягона шаҳодати боэътимоди ҳастии инсон («тафаккур мекунам, пас ман вуҷуд дорам»), бунёди асосии хирадгарои (ратсионализм)-и Аврупоро ташкил дод, ки маҳз дар хирад ва тафаккур хусусияти хосси инсон ва моҳияти он зоҳир мегардад. Санавияти картезиании ҷисму рӯҳ дар шинохти инсон чандин аср дар Аврупо ҳоким буд. Дар таълимоти Кант пурсиши «Инсон чист?» («Инсоншиносӣ аз нигоҳи прагматикӣ», 1798) ҳамчун масъалаи асосии фалсафа тавсиф шудааст. Инсон. ба назари ӯ «муҳимтарин мавҷуди дунёст», зеро дорои худшиносӣ ва олитарин арзиш аст ва соҳиби шахсият мебошад. Инсон тибқи таълимоти ӯ, аз як тараф зарурати табиист ва аз тарафи дигар озодии маънавӣ ва арзишҳои мутлақ дошта, «табиатан бад аст», вале осори некӣ низ дар ӯ дида мешавад. Вазифаи тарбияи маънавӣ он аст, ки нишонаҳои некии инсон бар майлони бадиҳои вай ғолиб оянд. Тафовути асосии инсон аз дигар мавҷудот худшиносии ӯст, вале худшиносии ӯ баъзан боиси худхоҳии табиии вай низ шуда метавонад, ҳарчанд Кант зидди худхоҳии инсон бо тамоми зуҳуроти он мебошад. Дар охири садаи XVIII ва оғози садаи XIX баргаштан ба фаҳмиши инсон ҳамчун мавҷуди зиндаи комил, ки хосси давраи Эҳё мебошад (Ҳердер, Гёте, фалсафаи табии романтизм) рӯх медиҳад. Ҳердер инсонро «нахустин мавҷуди озодшудаи табиат» меномад, ки бояд худии худро ташаккул дода, фарҳанг офарад. Ҳердер, романтикҳо, Ҳегел ғояи ҳастии инсони таърихиро инкишоф бахшиданд (Новалис таърихро «инсоншиносии таҷрибавӣ» номида буд). Дар фалсафаи классикии Олмон инсон мудрики фаъолияти маънавист, ки мавҷуди фарҳангофарину соҳибшуур (мабдаи ғоявии рӯҳу хирад) мебошад. Хирадгароӣ фарогири тамоми таълимоти инсоншиносии Ҳегел ва фалсафаи ӯ мебошад. Ба андешаи ӯ, фарқи байни инсон. ва ҳайвон фақат хирад ва қобилияти фикркунии ӯст, ки бо тамоми ҳастӣ одамияти худро собит кардан мехоҳад ва мудрики фаъоли маънавиёт ва намояндаи рӯҳу хиради ҷовид мебошад. Монизми инсоншиносии Фейербах зидди фаҳмиши идеалистию дуализми рӯҳу ҷисми инсон равона шуда, бо биниши моддигароии моҳияти инсон иртиботи зич дорад, аммо худи инсонро Фейербах бисёр мавҳум шарҳ медиҳад. Инсони ӯ аз иртиботу фаъолиятҳои воқеии иҷтимоӣ ҷудост. Бунёди фалсафаи инсоншиносии ӯро робитаи байни Ману Ту, бахусус муносибати зану мард ташкил медиҳад. Дар танҳоӣ инсон арзиши бузурге надорад ва танҳо дар робита бо дигарон моҳият касб мекунад. Тибқи таълимоти Фейербах, мафҳуми Худо бо мафҳуми инсоният пурра мувофиқ меояд ва моҳияту ҳастӣ барои Худо як аст. Равоншиноси авсриягӣ З. Фрейд таносуби шуур, огоҳӣ ва нохудогоҳиро ба миён гузошта, ба ин натиҷа расид, ки зиндагии зеҳнии бошуурона ё огоҳонаи инсон фақат як бахши хурди тамоми ҳаёти зеҳнии инсонро ташкил медиҳад, дар сурате, ки нохудогоҳии инсон бахши аъзами зеҳни инсонро дар бар мегирад. Ба андешаи ӯ, таҳлили равонӣ (психоанализ) метавонад сабабҳои нохудогоҳи (бошуурона)-и падидаҳои ҳаёти ҳаррӯзаро баён кунад.
Дар таълимоти ирратсионалистии инсони асрҳои 19–20
вироишқобилияту неруи берун аз тафаккур (ҳиссиёт, ирода ва ғайра) бартарӣ дорад. Инсон дар таълимоти Нитсше абармардест, ки тавонистааст аз ҳақирии ҳастии худ вораҳад ва мазмуни Замин гардад, оламро ба хештан баргардонад ва назари худро боифтихор ба уфуқи он равона созад; абармард соҳибиродаест, ки оламро бо хости хеш мечархонад.
Файласуфи даниягӣ Кйеркегор амалеро дар сафи аввал мегузорад, ки дар он инсон «худро тавлид мекунад» ва соҳиби интихобест, ки ба шарофати он ҳамчун мавҷуди табиӣ, ба шахсияти маънавию ҳастии маънавӣ табдил ёфта, тақдири худро ба дасти худ мегирад. Дар Русия усули инсоншиносии фалсафиро танҳо Чернишевский инкишоф бахшидааст.
Масъалаи шахсият дар маркази таълимоти фалсафии шахсгароӣ (ё инсонгароӣ, персонализм) ва вуҷудӣ қарор дорад, ки тибқи он инсон наметавонад ба ягон «моҳият» (биологӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ) тобеъ бошад. Дар фалсафаи вуҷудӣ ҳастии инсон аз моҳияти он афзалтар буда, моҳияти худро инсон дар раванди ҳастияш касб мекунад ва ҳастияш маънии ҳастии озодро дорад.
Марксизм
вироиштаълимоти идеалистии фаҳмиши инсонро рад карда, бар асоси усули диалектикӣ-моддигароӣ инсонро ҳамчун мавҷуди табиӣ-иҷтимоӣ ва мудрики фаъоли ҷамъиятӣ-меҳнатӣ шарҳ медиҳад. Тибқи таълимоти марксистӣ инсон берун аз ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад; инсони зинда ин инсони ҷамъиятӣ буда, ҳатто дар фикру мулоҳизаҳо ва ҳиссиёти рӯҳии ӯ ҳам ҳастии муайяни ҷамъиятӣ инъикос меёбад. Инсон маҳз дар дигаргунсозии олами беруна фаъолона иштирок карда, худро тағйир ва тараққӣ медиҳад. Назарияи марксистӣ-ленинӣ ҳаминро ба асос мегирад, ки ҷамъият як чизи шахшуда, доимӣ ва тағйирёбандае нест. Вай маҳсули муҳити муайян, маҷмӯи маҳсули шароити иҷтимоист, ки дар натиҷаи тағйири онҳо хусусияти инсон ҳам дигар мешавад. Дар баробари тараққиёти ҷамъият, табиати инсон ҳам инкишоф ёфта, дигар мешавад. К. Маркс ва Ф. Энгелс дар «Манифести партияи Коммунистӣ» қайд карда буданд, ки баробари шароити ҳаёт ва муносибатҳои ҷамъиятии одамон тасаввурот, ақидаҳо, фаҳмиш ва шуури онҳо ҳам тағйир меёбанд. Дар раванди дигаргунсозии сохти иқтисодии ҳар як ҷамъият инсон табиати худро ҳам тағйир медиҳад.
Фаҳмиши диалектикӣ-моддигароии инсон сабабияти мушаххаси таърихии олами маънавӣ, моҳияти иҷтимоӣ, равонӣ, шуур ва шаклҳои фаъолияти таҷрибавӣ, ошкор кардани таносуби иҷтимоӣ ва биологии инсонро дар назар дорад. Инсон дар муқоиса бо ҳайвонот метавонад дар шароити зисти худ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оварад ва ба муҳит мутобиқ шуда, бо меҳнати якҷоя тибқи талаботи рӯзафзуни худ муҳитро тағйир диҳад ва олами пуробу ранги фарҳанги моддию маънавӣ офарад. Бо офариниши олами фарҳанги моддию маънавӣ инсон худ низ ташаккул меёбад. Инсон низоми зиндаест, ки ягонагии ҷисмонию маънавӣ, табиию иҷтимоиро дар бар дорад ва ҳамчун мавҷуди зинда бо падидаҳои табиӣ алоқаманд буда, ба қонунҳои биологӣ (биофизикӣ, биокимиёӣ ва физиологӣ) тобеъ мебошад ва дар сатҳи зеҳни огоҳ ва шахсият бо ҳастии иҷтимоӣ бо қонунҳои хосси он тавъам аст. Сиришти ҷисмонию морфологии инсон сатҳи олии ташаккули модда дар олами ба мо маълум ба шумор меравад. Инсон ягона мавҷудест, ки тамоми арзишҳои моддию маънавии дар тӯли таърих анбоштаи наслҳои башариятро дар худ таҷассум ва захира мекунад ва ба ояндагони хеш интиқол медиҳад. Кӯдак захираи иттилооти генетикии волидайнро тавассути сохти хосси бадан, сохтори мағзи сар, низоми асаб, нишонаҳои истеъдоду қобилияти худ ба ирс мебарад, аммо нишонаҳои истеъдоди табиӣ (анатомӣ-физиологӣ) танҳо дар шароити ҳаёти иҷтимоӣ, дар раванди муносибати кӯдак бо калонсолон инкишоф ва рушд меёбанд. Амал, равиши тафаккур ва ҳиссиёти инсон аз шароити объективию таърихие, ки дар он зиндагӣ дорад, аз хусусиятҳои он гурӯҳи иҷтимоие, ки манфиатҳои онҳоро бошуурона ва ё бешуурона намояндагӣ мекунад, вобаста аст. Инсоншиносон ба ин ақидаанд, ки мундариҷаи ҳаёти маънавии инсон ва қонунҳои зиндагии ӯ ба таври ирсӣ барномарезӣ нашудаст, ҳарчанд ин маъниро дар робита бо бархе иқтидору имкониятҳои фаъолияти эҷодӣ, дар бораи хусусиятҳои қобилиятҳои фардӣ, ки бар асоси истеъдоди ирсӣ дар ҷамъият ташаккул меёбанд, баён кардан нашояд. Баъзе нишонаҳои ирсӣ тавассути хусусиятҳои силсилаи олии асаб ба инкишофи майлонҳову қобилиятҳои инсон каму беш таъсир мегузоранд. Дар назди ҳар як инсони нав ба зиндагӣ воридшуда олами чизҳо ва таъсисоти иҷтимоие намоён мегарданд, ки дар онҳо фаъолияти наслҳои пешин таҷассум ёфтааст. Маҳз ҳамин олами инсонишуда, ки дар он ҳар як чиз ва ҳар як раванд гӯё бо моҳияти инсонӣ, вазифаю ҳадафҳои иҷтимоӣ сероб шудааст, инсонро сар то по фаро мегирад. Фарогирии шаклҳои фаъолияти иҷтимоии таърихан ташаккулёфта шарти асосию ҳалкунандаи механизми ташаккули шахсияти инсон мебошад. Барои он, ки шаклҳои мазкур ба қобилияти шахсӣ ва як бахши шахсият табдил шаванд, инсон аз оғози кӯдакӣ дар робита бо калонсолон ба тақлид, таълимот, омӯзиш ва тарбия машғул мешавад. Дар натиҷа, инсони ба таври фардӣ такомулёфтаистода қобилияти бо олоти меҳнат боақлона кор карданро ёд мегирад, маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоиро аз худ мекунад, рамзҳову калимаҳо ва мафҳумҳои гуногунро фаро мегирад.
Дар раванди шиносоӣ бо фарҳанг дар вуҷуди инсон механизми худидорие ташаккул меёбад, ки дар шакли қобилияту истеъдод ва кӯшишҳои ба таври иродавӣ идора кардани талабот, тамоюлот ва ғаризаҳо зоҳир мегардад. Ин механизми худидорӣ дар асл назорати иҷтимоие мебошад, ки майлу шавқҳои номақбул барои ҷамъиятро пахш карда, барои ҳаёти иҷтимоӣ шароити зарурӣ ва муносиб таъмин менамояд. Суръати инкишофи инсоният ҳар қадаре тезтар шавад, масъалаҳои маорифу тарбия ва ташаккули инсон ҳамчун шахсият ҳамон қадар мураккабтар мегарданд. Меъёрҳои ба таври таърихӣ ташаккулёфтаи ҳуқуқ, ахлоқ, рӯзғордорӣ, қоидаҳои тафаккур, забон, табъи зебоишиносӣ ва ғ. рафтору хиради инсонро ташаккулу такомул медиҳанд, аз ҳар як шахси мушаххас намояндаи дорои сабки муайяни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва равониро ба вуҷуд меоваранд: танҳо дар ҷамъият инсон моҳияти аслии худро ошкор мекунад ва инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ, дар бораи неруи табиату моҳияти инсон на аз рӯйи неруи фарди алоҳида, балки аз рӯйи неруи ҳамаи ҷомеа баҳо додан мумкин аст. Иинсон ҳамеша ва ҳамаҷониба бо ҷомеа дар иртибот аст, ҳатто ҳангоме ки танҳост (дар танҳоӣ инсон бо тафаккур ва арзишҳои инсоние, ки башарият офаридааст, пайванди ногусастанӣ дорад). Ҳар як инсони алоҳида шахсияти нотакрор буда, дар худ моҳияти хоссеро ғунҷонидааст. Ӯ ҳамчун шахсияте зуҳур мекунад, ки ба худшиносӣ расидааст ва вазифаҳои иҷтимоии худро дарк карда, худро ҳамчун мудрики раванди таърихӣ эътироф менамо[1].
- ↑ Философский энциклопедический словарь. М., 1989; Абдуллозода Ш. Фалсафаи одамият. Масъалаи инсон ва гуманизм дар адён. Д., 2003. بندهش. به كوشش تهمورث دینشاه انكلساریا. بمبئی، ١٩٠٨م؛ كریستن سن آرتور. نمونههای نخستین انسان و نخستین شهریار در تاریخ افسانهای ایرانیان. تهران، ١٣٦٤ ش.؛ عسکریخانقاه اصغر. مردمشناسی. تهران، ١٣٧٣ ش.؛ روح الامینی محمود. مبانی انسانشناسی. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ فکوهی ناصر. تأریخ اندیشه و نظریه های انسانشناسی. تهران، ١٣٨١ ش.؛ ماتگن جان و جاست پیتر. انسانشناسی اجتماعی و فرهنگی. تهران، ١٣٨٩ ش