Инстантон (англ. instant–лаҳза) — намуди махсуси флуктуатсияи майдони квантӣ дар хало (вакуум), ки муо­дилаҳои классикии ҳаракатро қонеъ мекунад; яке аз маф­ҳумҳои муҳимтарини назарияи квантии майдон (НКМ), ки дар физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи ҳолати таро­кум (конденсатсия)­ шудаи модда истифода мешавад. Ба таври физикӣ И.­ҳо ба равандҳои нақбии квантию меха­никӣ, ки дар натиҷаи таъсири садди потенсиалӣ ба вуҷуд меоянд, вобаста мебошанд (нигар Падидаи нақбӣ). И. дар НКМ аз ҷониби А. А. Белавин ва А. М. Поляков кашф карда шудааст (1975); истилоҳи «И.»­ро Г. Хофт ба илм ворид карда (1976), дар омӯзиши хосиятҳои И. саҳм гу­зоштааст. Шарҳи физикии И.­ро ҳамчун гузариши нақбӣ В. Н. Грибов пешниҳод кардааст. И., ҳамчун гузариши таҳтуссаддӣ, ба таври математи­кӣ ҳамчун масири зарраҳо ё майдонҳо дар вақти мавҳум (уқлидусӣ) тавсиф дода мешавад. Дар замони воқеӣ гуза­риш хеле зуд ба амал меояд (номаш низ аз ҳамин ҷо бар­меояд). И. боиси ҳодисаҳое мешавад, ки онҳоро дар чорчӯби назарияи ошӯбҳо маънидод кардан мумкин нест. Дар ҳо­ лати хусусӣ дар хромодинамикаи квантӣ флуктуатсияҳои навъи И. дар майдони глюонҳо ба вуҷуд меоянд.

Адабиёт

вироиш