ИСБОТ, исботкунӣ (ар., اثبات – собит кардан, далелу бурҳон овардан, чизеро тасдиқ кардан, далеловарӣ, асосноккунӣ), дар ҳуқуқ фаъолияти бо қонун танзимшудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар субъектҳои мурофиа вобаста ба ҷамъоварӣ, санҷидан ва баҳодиҳии ҳолатҳои воқеӣ бо мақсади ҳалли дурусти парванд[1].

Субъектҳои исбот

вироиш
1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки адолати судиро амалӣ мегардонанд (суд, прокурор, муовинон ва ёрдамчиёни прокурор, сардори воҳиди тафтишот, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда).

2. Шахсоне, ки дар пешбурди парванда ҳуқуқи иштирок доранд (адвокат ё намояндагӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, ҷабрдида, гумонбаршуда, айбдорашаванда, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо). Исботкунӣ ҳамчун фаъолият дар ҳама гуна мурофиаҳо ба воситаи далелҳо амалӣ карда мешавад. Дар мурофиаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ исботкунӣ барои муқаррар кардани ҳолатҳои парванда ва моҳиятан ҳал кардани баҳс равона шудааст. Ҳар як иштирокчии мурофиа ҳолатҳоеро исбот мекунад, ки ба талабу норозигӣ ва ё айбдоркунию ҳимояи ӯ алоқаманд мебошанд. Суд метавонад муайян кунад, ки кадом ҳолат дар парванда аҳаммияти зарурӣ дорад ва мавриди баҳс қарор гирад ва кадом ҳолат бояд исбот карда шавад. Дар баробари ин, ҳолатҳои умумиэътирофшуда аз ҷониби суд мавриди исбот қарор намегиранд, чунки дар аксар мавридҳо онҳо ҳолатҳои умумимаъмул ва ё ҳолатҳои преюдитсионӣ (prejudicious – қаблан ҳалкардашуда, пешакӣ муайян кардан) мебошанд. Инчунин, исботкунӣ вобаста ба категорияи парвандаҳо (дар мурофиаи гражданӣ) ва намуди алоҳидаи парвандаҳо (парвандаҳо бо иштироки ноболиғон) хусусияти худро дорад. Дар ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ предмети исбот ҷамъи ҳолатҳоест, ки барои дуруст баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ зарур мебошанд. Ҳадди исбот маҷмӯи далелҳои бадастомадае буда, имконият медиҳанд, ки вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ қарори асосноку ниҳоии қонунӣ қабул карда шавад. Ҷараёни исбот бо мақсади дуруст ва дақиқ қабул кардани қарор дар робита бо парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварӣ, тафтиш ва баҳодиҳии далелҳо мебошад.

Унсурҳои асосии ҷараёни исбот:

вироиш
ҷамъоварии далелҳо, тафтиши далелҳо ва баҳодиҳии далелҳо. Роҳҳои ҷамъоварӣ ва тафтиши далелҳо: пурсиш, рӯбарӯкунӣ, нишондиҳӣ барои шинохтан, азназаргузаронӣ, кофтукоб, ёфта гирифтан, гузаронидани санҷиш (экспертиза)-ҳои гуногун ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ. Давраҳои фаъолияти исбот: 1. Тосудӣ. 2. Судӣ. Вобаста ба ҳар як парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ бояд ҳолатҳои зерин исбот карда шаванд: ҳодисаи ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои содиркунӣ); шахсияти айбдоршаванда; ҳолатҳои истиснокунандаи кирдор; ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ; гунаҳкории айбдоршаванда дар содир кардани кирдор ва мусоидат ба он, дараҷаи гуноҳ ва ангезаи он; хусусият ва андозаи зарари аз ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ расондашуда; сабабҳо ва шароитҳои содиршавии кирдор ва ғ. Ҳамзамон, уҳдадории исбот кардани айби шахс дар содир кардани ҷиноят ба зиммаи айбдоркунанда вогузор шудааст. Ҳангоми исбот амалҳои мурофиавие, ки метавонанд ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон зарар расонанд ва қадру номуси онҳоро паст кунанд, иҷозат дода намешаванд. Иштирокдчиёни парванда ва дигар шахсони дар амалҳои мурофиавӣ ҳузурдошта барои ифшо накардани маълумоти мурофиавӣ масъуланд. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ё ашёи дорои сирри давлатӣ мувофиқи таъйиноти суд анҷом дода мешавад. Вақт, маҳал, шарти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ барои азназаргузаронӣ, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ва ашёи дорои сирри давлатиро суд муайян мекуна[2].
  1. Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009; Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2012;
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012; Қудратов Н., Сафарова З., Алиева Ф. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ. Д., 2015; Мурофиаи ҷиноятӣ. Д., 2017. А. Афзаловоқеият