Искандардарё
(Тағйири масир аз Искандар)
Искандардарё - дарёест, дар Тоҷикистони Марказӣ, аз Искандаркӯл ҷорӣ шуда ба Фондарё (ҳавзаи Зарафшон) ҳамроҳ мешавад. Тӯлаш 20 км, масоҳаташ 950км2. Сарфи миёнаи солонаи об 19,1 м3/сон. Дарё қаторкӯҳи Зарафшонро аз ҷануб ба шимол бурида мегузарад. 1,5 км поёнтар аз саргаҳаш шаршара (баландиаш 20 м) дорад. Дарё аз миёни деҳаҳои Нарвад, Туда, Дижик ва Хайронбед мегузарад.
• Координатаҳо | |
---|---|
Мавқеъ | |
Кишвар | Тоҷикистон |