Исми хос — ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё аст, вале ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тариқ, шаҳр исми ҷинс, аммо Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале Зафар, Комрон, Ширин, Зебо исмҳои хос мебошанд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш, 1985. — 356 с.