Open main menu

Исмоилия (ар. الإسماعيلية‎ — al-Ismā‘īliyya, форсӣ: اسماعیلیان‎ — Esmâ‘īliyân) — яке аз равияҳои асосии ислом.

Айни ҳол дар тамоми чаҳон беш аз 20 млн пайравони равияи исмоилия ба қайд гирифта шудааст. Онҳо асосан дар қаламрави Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Танзания, Кена, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Ливан, Сурия, ва ҳамчунин дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, Фаронса ва дар як қатор давлатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон пайравони ин равияи дини ислом дар Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ умр ба сар мебаранд ва яке аз ҷомеаҳои бузурги равияи мазкурро дар ҷахон намояндагӣ мекунанд[1].

ТаърихВироиш

Таърихи пайдоиши равия Исмоилия бо он тақсимшавии мусалмонҳо, ки вақте пас аз марги пайғомбар Муҳаммад мусулмонҳо ба мазҳабҳои суннию шииа ҷудо шуда буданд, монанд аст. Пас аз марги имоми шииаҳо – имом Ҷаффар ас-Содиқ, ду самти шииамазҳабони мусулмон ба миён омад, ба гурӯҳи якум онҳое, ки писари у Исмоилро ҳамчун имоми навбатӣ эътироф карданду исмоилиён шуданд, дохил мешавад ва ба гурӯҳи дуюм бошад, онҳое, ки бародари у Имом Мусо Қозимро ба сифати имом қабул карданд, шомил гаштаанд.

Аслан, харакати исмоилия бо таъсисёбии гуруҳе, ки даъвои пайравони Исмоилро барои имом шудан дастгирӣ мекард, оғоз гардидааст. Дере нагузшта ҳаракати мазкур ба ҳаракати пурқуввати динию сиёсӣ ва иҷтимоию фалсафӣ мубаддал гардид. Он ба ҳаёти исломӣ таъсири амиқи худро расонд, ва ба пешрафти анъанаҳои озодфикрии мусалмонӣ, саҳми босазои худро гузошт. Ғайр аз ин, дар асоси он як қатор равияҳои ҷадид, ҷаҳонбинӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ба амал омаданд.

Дар охири асри 10 исмоилиён таълимоти худро дар тамоми Шарқи наздик, ва ҳамчунин дар Андалузияи Испания паҳн карданд. Онҳо ҳокимияти сиёсиро дар Марғиб (Африқои шимолӣ) ба даст оварданд ва давлати абаркудрат- Хилофати фотимиёнро бо пойтахт дар Қоҳира бунёд карданд. Давлати мазкур такрибан 200 сол арзи ҳастӣ карда буд.

Дар асрҳои 10-11 исмоилия дар Шарқи наздик ва дар Осиёи Марказӣ ба шакли таълимоти динию фалсафӣ паҳн гардида буд. Таълимоти мазкур масоили асосии мавҷудият ва руҳро тафсир мекард. Исмоилиён тавонистанд ба ҷониби худ қисмати зиёди аҳолии босавод, мутаффакирони машҳур, ходимони бузурги давлатиро ҷалб намоянд. Онҳо низоми ақидаҳои мулоҳизакорона, таълимоти ниҳоят мушкили динию фалсафӣ, догматика, расму оини худӣ ва ғайраро коркард кардаанд[1].

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Саиданвар Шохуморов. Исмоилиён. islamnews.tj. IslamNews.Tj. 22 май 2018 санҷида шуд.