Исмоили Нойӣ

(Тағйири масир аз Исмоили Ноӣ)

Исмоили Нойӣ (1847, Конибодом ‒ 1904, Хӯқанд) — навозандаи моҳири сози най, намояндаи машҳури ҳавзаи ҳунарии водии Фарғона.

Исмоили Нойӣ
Таърихи таваллуд 1847(1847)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 1904(1904)
Маҳалли даргузашт Хӯқанд
Пеша(ҳо) найнавоз

Зиндагинома

вироиш

Исмоили Нойӣ дар миёни мардуми тоҷик, узбек, уйғур ва ғ. бо номҳои Устод Исмоил, Исмоили Кӯса маъруф буд. Санъати мусиқӣ ва навозандагиро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Дар найнавозӣ ва иҷрои таснифоти мусиқии мардумӣ ва касбии «Баёт», «Чоргоҳ», «Ушшоқ», «Сувора», «Чӯли Ироқ», «Чапандози Чӯли Ироқ» ва ғ. машҳур гардида буд. Ба Туркистони Шарқӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Анъанаи иҷроии Исмоили Нойӣ-ро писараш Абдулқодири Нойӣ (Артисти халқии ҶШС Узбекистон) ва наберааш Исҳоқҷон Қодиров (Артисти хидматнишондодаи ҶШС Узбекистон) идома додаанд.

Адабиёт

вироиш