Исомуддин Иброҳим (форсӣ: عصام‌الدین ابراهیم‎; қарни XVI) — шоир, адиб ва донишманди форс-тоҷик.

Исомуддин Иброҳим
Навъи фаъолият: олим

Зиндагинома

вироиш

Дар муҳити адабии Бухорову Самарқанд ба камол расидааст. Аксари илмҳои расмии замонашро омӯхта буд. Тибқи маълумоти Нисории Бухороӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб», Исомуддин Иброҳим дар илмҳои динию адабиёти араб ва дар фанни иншо маҳорати тамом дошта, доир ба ин илмҳо таснифот низ доштааст. Боре хони Бухоро Убайдуллоҳи Шайбонӣ (ҳукмронӣ 1557-98), ки шоир ҳам буд, рубоии арабие гуфта, аз Исомуддин Иброҳим шарҳи онро дархост кардааст. Исомуддин Иброҳим дар муддати як рӯз дар ҷавоби он рубоӣ рисолае таълиф намуда, ба ҳар мисрааш бо 656 маънӣ ҷавоби пухта гардонида, хонро мот кардааст. Аз мероси адабии Исомуддин Иброҳим зиёда аз 3 ҳазор байт мондааст, ки мундариҷаи онҳоро шикоят аз замона, тасвири табиат, тарғиби илму дониш, васфи ишқи пок, мадҳи ҳамзамонон ва баъзе ҳокимони давр ташкил додааст.

Намунаҳо аз мероси ӯ:

Гар ҷисми ман аз аҷз талабгори ту нест,
То зан набарӣ, ки ҷон гирифтори ту нест.
Не з-ононам, ки дил харидори ту нест,
Худ дидаи мо маҳрами дидори ту нест.
 

Аз беадабон канора будан адаб аст,
Аз аҳли адаб сухан шунидан адаб аст.
Бар беадабон тарки адаб нест адаб,
Бо беадабон адаб намудан адаб аст.

Адабиёт

вироиш